Ҳангоми гузаштани мавзӯи дарсии «Аъзоҳои чидаи ҷумла» дар синфи чор аз забони модарӣ шеъри Носири Хусрав «Дар роҳат расондан ва некуӣ хостан» пешниҳод гардидааст.
Мувофиқи супориш шеърро хонандагон бояд аввал хомӯшона, сипас ифоданок хонанд. Азбаски дарку фаҳмиши шеъри мазкур хусусияту тобишҳои вижаи маъноии худро дорад, нахуст онро ман бурро, ифоданок қироат намуда, мазмуну муҳтаво ва ҳадафи шоирро аз баёни шеър ба самъи хонандагон мерасонам. Носири Хусрав ҳамчун шоири нобиға дар ашъори худ ба масъалаҳои панду ахлоқӣ ва тарбиявӣ таваҷҷуҳи зиёде зоҳир менамояд. Дар шеъри мавриди назар низ шоир мардумро ба некӣ кардану накукорӣ ҳидоят намуда, таъкид мекунад, ки мафҳуми «некӣ» моҳияти доманадору серпаҳлуро дорост. Шоир мегӯяд, ки вақте инсон инсони дигарро бо суханҳои ширину дилангез хушҳол месозад ва ӯро рӯҳбаланд менамояд, ин некукорӣ аст. Ё худ дасти фитодаеро мегираду ба дардманде ёрӣ мерасонад, ин амал низ некукорист. Дар лаҳзаҳои мушкилу вазнин, ки ба сари инсоне фалокате омадааст, ӯро дилбардорӣ кардану тасалло бахшидан аз хислатҳои неки одамист. Бузургтарин некие, ки одам дар зиндагӣ анҷом медиҳад, ин хидмати падару модарро ба ҷо овардан аст. Дар ҷавонӣ ғарраи нерую кибру ғурур гардида волидонро таънаю маломат ва мазаммат намудан камоли ҷоҳилию нодонист. Зеро замоне мерасад, ки ҷавонӣ паси сар мешаваду пирӣ фаро мерасад. Он вақт ба қадри заҳматҳои кашидаи падару модар мерасад кас.
Туҳфа САЙФИДДИНОВА,
омӯзгори мактаби №36,
ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр