Нашрияи Омӯзгор

Ноҳияи Рӯдакӣ: аз бунёди муассисаҳои таълимӣ то баланд бардоштани сифати таълиму тарбия

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Суҳбати мо бо сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Абдуҷаббор Абдураҳимзода аз беҳтар гардидани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, вусъат ёфтани сохтмони таълимгоҳҳо, бо китобҳои бадеӣ таъмин намудани хонандагон, иштироки шогирдон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ оғоз гардид.

-Пешрафту дастовардҳои раёсати маорифи  ноҳия, ба андешаи ман, аз ҳама бештар аз фаъолияти муассир ва судманди Маркази методии раёсат (кабинети методӣ) вобастагии амиқ дорад,-изҳор намуд А.Абдураҳимзода ва афзуд, ки тайи чанд сол аст, ки  раҳбарии ин марказро мактабшиноси соҳибтаҷриба Саид Фозилов ба зимма дораду баҳри баланд гардидани сатҳи донишандӯзӣ ва таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия кӯшишу талошҳои зиёде ба анҷом мерасонад. Бо ҷаҳду талоши кормандони маркази методӣ таҷрибаи пешқадами омӯзгорони варзидаю соҳибмактаб, ки теъдоди онҳо ба 13 нафар мерасад, омӯхтаву дар ҳудуди ноҳия паҳн карда шудааст. Дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки бо дастури Сарвари давлат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, шогирдони  зиёди муассисаҳои таълимии ноҳия дар  озмунҳои   минтақавӣ фаъолона иштирок намуданд.

Сардори  раёсати маориф бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки то ин дам ба маблағи 80000 сомонӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода шудааст. Раванди харидорӣ ва таъмини мактабҳо бо китобҳои бадеӣ аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза пайдо карда, идома дорад.

Ба иттилои А.Абдураҳимзода, сохтмони биноҳои  нави муасси-саҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тайи 5 соли охир дар қаламрави ноҳия суръати тоза гирифт.

Дар ин масъала саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон мебошад. Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкор Н.Машрабов дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа бинои нави хуштарҳу замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мактаби №7, барои 1280 хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар Ҷамоати деҳоти Гулистон барои 640 нафар дар як баст бо тарҳу нақшаи муосир аз ҷониби соҳибкор Абдухалил Ғуломов анҷом пазируфт. Ҳамин гуна бинои нав дар мактабҳои №25-и Ҷамоати деҳоти Эсанбой барои 240 нафар дар як баст, мактаби №114 барои 180 ҷойи нишаст, муассисаи таълимии №144 бо дарназардошти 289 хонанда сохта ба истифода дода шуданд, ки дар бунёди ин таълимгоҳҳо соҳибкорон ҳиссаи босазо гузоштаанд. Ба таъкиди А.Абдураҳимзода, соли гузашта дар назди муассисаҳои таълимӣ 48 синфхонаи иловагӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Моҳи сентябри соли 2019 биноҳои  нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №82 дар Ҷамоати деҳоти Чортеппа ва №85 дар Ҷамоати деҳоти Зайнабобод бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ мавриди  истифода қарор гирифт. Айни ҳол дар 12 муассисаи таълимӣ сохт-мони 71 бинои ёрирасон ва дар назди  20 таълимгоҳ бунёди 131 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Ҳамчунин, аз ҷониби шахсони ҳимматбаланду ватандӯст сохт-мони муассисаҳои томактабии хусусӣ дар шаҳракҳои Сомониён барои 400 тарбиятгиранда, Мирзо Турсунзода барои 120 нафар кӯдак ва Ҷамоати деҳоти Лоҳур барои 40 нафар вусъат ёфта истодааст. Дар хусуси вазъи кунунии муассисаҳои томактабӣ, мушкилоту проблемаҳои ин зинаҳои таҳсилот сухан ронда, сардори раёсати маориф изҳор дошт, ки  сол ба сол теъдоди тарбиягирандагон дар муассисаҳои томактабӣ зиёд мешавад, аммо ба сабаби кам будани кӯдакистонҳо ва нарасидани ҷой қисми зиёди кӯдакон ба ин муассисаҳо фаро гирифта намешаванд. Мутаассифона, вазъи иҷрои  «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» қонеъкунанда намебошад. Хотиррасон бояд намуд, ки дар назди 16 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият доранд, ки дар онҳо 468 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар ноҳия ба масъалаи бо мутахассисони ҷавон таъмин  намудани муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Аз 185 нафар омӯзгори ҷавон 124 нафар ба ҷойи кор ҳозир шудаанд. Дар умум, дар таълимгоҳҳои ноҳия 19 нафар омӯзгор (аз фанҳои забони англисӣ, химия, физика, биология, алгебра ва забони русӣ) намерасанд. Соли гузашта, ба тасдиқи А.Абдураҳимзода, 594 нафар омӯзгор, 11 директори таълимгоҳ ва 29 нафар муовинони директори муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд. Ҳамчунин, 717 нафар омӯзгор ба курсҳои хониши босалоҳият, 350 нафар ба омӯзиши лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» фаро гирифта шуданд.

-Дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори ҳаматарафа дода мешавад,-мегӯяд сардори раёсати маориф. Соли гузашта дар 25 таълимгоҳи ноҳия конфронсҳо ва семинарҳои дастурдиҳӣ баргузор карда шуданд. Таҷрибаи  педагогии омӯзгорони муассисаи таълимии №1 Парвина Абдуллоева, гимназияи хусусии ба номи А.Берунӣ Шерзод Ашӯрзода ва гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкин Дилбар Шарифова ба навор гирифта шуда, тавассути фита ба таълимгоҳҳои дигари  ноҳия дастрас карда шудааст.

Боиси хурсандист, ки дар ноҳия шахсони саховатпешаю ҳимматбаланд на танҳо дар бунёди муассисаҳои таълимӣ иқдом менамоянд, балки ҷиҳати бо васоиту дастгоҳҳои замонавии техникӣ таъмин намудани таълимгоҳҳо саъю талош мекунанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати  ноҳия, соҳибкорон ва шахсони алоҳида муассисаҳои таълимӣ бо 2622 компютер, 64 видеопроектор, 43 тахтаи электронӣ таъмин гардонида шуда, 153 таълимгоҳ ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд. Дар умум, баҳри иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои  таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» аз ҷониби ҳукумати ноҳия ва раёсати маориф чорабиниҳои зарурӣ  андешида шуда, ба нақша гирифта шудааст, ки тӯли чор сол таълимгоҳҳои ноҳия бо 4288 компютер ва 56 тахтаи электронӣ таъмин карда шаванд.

-Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020»  қарори раиси ноҳия қабул гардидааст, ки тибқи он бояд 31 кабинети фаннӣ аз физика, химия, биология, география, математика ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шавад,-изҳор дошт А.Абдуҷабборзода ва тавзеҳ бахшид, ки ба ваҷҳи гарон будани арзиши таҷҳизоти озмоишгоҳҳои фаннӣ тасмим гирифтаанд, ки чунин озмоишгоҳҳоро ҳамчун нуқтаи базавӣ дар яке аз мактабҳои ҷамоатҳои деҳот харидорӣ ва ташкил намоянд. Фаъолияти Маркази  дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсати маорифи ноҳия дар ташкил ва баргузории олимпиадаҳои фанни хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия ва омода намудани онҳо ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ назаррас мебошад. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи анъанавӣ 21 нафар хонандаи ноҳия иштирок намуданд, ки соҳиби 3 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ бошад, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  соҳиби 3 медали тилло гардиданд. Ба таъйиди А.Абдураҳимзода,  дастовардҳои  аъзои маҳфилҳои Маркази  эҷодиёти кӯдакон ва наврасон низ хурсандибахш буда, феълан дар марказ 22 маҳфили касбу ҳунаромӯзӣ фаъолият   мекунад, ки дар онҳо  750 нафар хонанда дар 68 гурӯҳ фаро гирифта шудаанд. Маҳфилҳои «Дӯзандагӣ», «Омӯзиши компютер», «Бофандагӣ», «Маърифати оиладорӣ», «Гулдӯзии миллӣ», «Сарояндагони нав-рас», «Сабадбофӣ», «Кадбону», «Наттоқони наврас» ва амсоли ин дар сатҳи баланд амал мекунанд. Сардори раёсати  маориф А. Абдураҳимзода перомуни дигар масоили соҳа, аз ҷумла, оид ба иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи маҷмӯи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҶТ барои солҳои  2017-2021», (ташкилу баргузории мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ), иҷрои «Барномаи рушди раҳнамои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҶТ барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайра сухан ронда, мушкилоту проблемаҳои ҷойдоштаро, ки  ҳалли онҳо ба пешрафту рушди таълиму тарбия дар ноҳия таъсири мусбат мерасонанд, рақамзанӣ намуд. Ба андешаи А.Абдураҳимзода, норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ аз мушкили асосии  соҳа ба шумор меравад. Бояд тавзеҳ дод, ки ҳамасола теъдоди хонандагон 6-7 ҳазор нафар зиёд мегардад, ки ин омил норасоии ҷойи нишастро ба вуҷуд меорад. Нарасидани асбобҳои физикӣ ва моддаҳои химиявӣ баҳри таҷҳизонидани кабинетҳои физика, химия ва биология, нокифоятии  китобҳои дарсии иҷоравӣ (бинобар сол ба сол зиёд гардидани шумораи хонандагон), кам будани миқдори компютерҳо дар ноҳия, ба таъмири фарогир ниёз доштани таълимгоҳҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта, ки теъдоди ин муассисаҳо ба 22-то мерасад, мавҷуд набудани таълимгоҳҳои нав дар маҳаллаҳои навбунёд, норасоии омӯзгорони ихтисосманди дорои таҳсилоти олӣ аз қабили мушкилоти соҳа дар ноҳия маҳсуб меёбанд. Сардори раёсати маориф изҳори умедворӣ намуд, ки бо дастгирии  Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия ин мушкилот бояд ҳалли худро ёбанд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш