Нашрияи Омӯзгор

Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар тайи чанд соли охир аз файзи соҳибистиқлолии кишвар дар бораи  донистани  забони давлатӣ ва риояи  меъёрҳои он пешниҳодҳои хубе иброз мегарданд. Мо бояд барои он талош варзем, ки забони воситаҳои хабаррасонии оммавӣ дуруст, фаҳмо,  фасеҳу равон бошад.

…Айни замон ровиён, сухангӯёни барномаҳои телевизион, радио ибораҳоро бо хости худ тағйир медиҳанд. Масалан, «Мехоҳам дониста бошам, ки…», «Мо ба барнома шоири ҷавон Расулиро даъват кардаем, то аз бобати китоби наваш суҳбате дошта бошем».  Бояд ин тавр гуфт:  «Мехоҳем суол кунем…» ва «Мо ба барнома шоири  ҷавон Расулиро даъват кардем, то …суҳбат кунем».

Масъалаҳои дигаре, ки ташвишовар аст, ба номи шаҳрҳо, кӯҳҳо, дарёҳо, деҳот илова кардани баъзе вожаҳо мебошад. Масалан, «Хатлонзамин», «Эронзамин», «Раштонзамин» ва ғайра. Дар гуфторҳои радио, телевизион, нашрияҳо ба чунин ҷумлаҳо зуд - зуд дучор меоем: Чун пой бар хоки Раштонзамин ниҳод, вуҷудашро фараҳмандӣ  фаро гирифт. Меҳмонони аз хоки Хатлонзамин омадаро сокинони Суғдзамин самимона пешвоз гирифтанд. Кӯлобшаҳр  рӯз то рӯз ободтар мегардад.

Дар ин калимаҳои мураккаб вожаҳои замин, шаҳр зиёдатист,  маънӣ агар зарур бошад, пеш аз номҳо вожаи «замин»  бояд истифода бигардад. Дар ҷумлаи аввал, «вожаи хок» ба «Хатлонзамин» ночаспон аст,  зеро агар вожаи фоил замин аст, пас бо «хок» ҳаммаъно аст. Аз тарафи дигар, ин вожаҳо исми хосанд, ки бо асноди расмӣ асоснок шудаанд. Ҳеҷ гоҳ мо ҳуқуқи «Суғд»-ро «Суғдзамин» гуфтан надорем.

Аз пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ - СССР зиёда аз 28 сол сипарӣ мегардад. Мисли иттиҳоди мазкур–империяҳои абарқудрати бисёре аз саҳнаи сиёсат рафтанд, чун Ҳахоманишиён, Кӯшониён, Саффориён, Тоҳириён, Бармакиён, Темуриён ва ҳоказо ва имрӯз дар шакли нав, бо номи нав, дар ҳудудҳои пештари маъмурию ҷуғрофӣ ҳокимият надоранд, пас онҳоро собиқ гуфтан нашояд, Иттиҳоди Шӯравӣ аз он ҷумла аст. Мисол: Ба соҳаи пахтакорӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  диққати ҳамаҷониба медоданд. Кишвари мо 30–40 сол пеш ба ҳайати  собиқ Шӯравӣ шомил буд. Собиқ маънои идома ёфтани ин ё он чизро дар шакли дигар мефаҳмонад, масалан адабиёти собиқа (гузашта).

Дар ин ҷумла истифодаи ибораи «Иттиҳоди Шӯравӣ» ҷоиз аст, зеро кишварҳои собиқи ҳайати Шӯравӣ айни замон ҳама мустақил гаштаанд. Мақсади гӯянда шарҳи ҳолати  ҷумҳурӣ дар гузашта аст. 

Дигар вожаи арабӣ, ки ғалат истифода мешавад, шакли ҷамъбандии модда–мавод  мебошад. Аммо аксар вақт он, ҳатто, дар шакли «маводҳо» навишта мешавад. Мисол, «Дар мактаб барои пешравии кори таълиму тарбия бисёр маводҳо намерасанд», «Агар маводҳои сохтмонӣ сари вақт пайдо мешуданд, иншоотҳои ба нақша гирифта дар муҳлати пешбинишуда ба истифода дода мешуданд». Дар ҷумлаи аввал «маводҳо», дар ҷумлаи дуюм «иншоотҳо» нодуруст  корбаст гардидаанд. Мебоист ба ҷойи «маводҳо» «номгӯи масолеҳ»  истифода  мегашт. Ҳамчунин, ба ҷойи вожаи «сохтмонӣ» «сохтмон» гуфтан бамаврид аст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Москва, с.1969, саҳ.606) вожаи модда чунин шарҳ ёфтааст: Модда вожаи  арабӣ буда, маънои зайл дорад:

1. материя, чиз.      

2. моҳият, асл.

3. мавзӯъ, матлаб, материал-ҳои доир ба матлабе.

Дар ҳамин фарҳанг дар бобати вожаи «мавод»  чунин навишта шудааст: мавод арабӣ, ҷамъи модда, моддат.

Дар «Фарҳанги форсии имрӯз» маънии вожаи «ғалла» чунин шарҳ ёфтааст: «номи умумии донаҳои гиёҳии тираи гандумиён (монанди гандум, ҷав, биринҷ, арзан ва ғайраҳо)», аммо айни замон баъзе қаламбадастони «навовар»–и рӯзномаву маҷалла ва афроди дигар дар суханрониҳошон ин вожаи содаи форсиро ба таври худ «такмил» дода, ба он пасванди «гӣ» ва калимаи «дона»-ро илова месозанд, ки ҳеҷ зарурате ба он нест, аз мантиқ дур аст. Чӣ тавре аз шарҳи вожа дидем, маънии дона дар вожаи мазкур нуҳуфтааст. Чун «ғалла» гуфтем, мо ашёеро тасаввур мекунем, ки аз донаҳо иборат аст. «Ғалла» исми ҷомеъ аст, фарогири донагиҳое чун гандум, ҷав, мош, наск ва ғ. Ҳамин беэътиноӣ дар калимасозии ноҷо дар вожаҳои ҳосилнокӣ, даромаднокӣ, мевагӣ, боронгарӣ, селхезӣ, вафогӣ ва хоказо ба чашм мерасанд.

Дигар саҳвҳо дар  истифодаи номи кӯчаҳо мушоҳида мегардад. Аз тариқи радиои «Ватан» эълоне пахш мегардад, ки анҷоми он чунин садо медиҳад: Суроғаи мо - кӯчаи Пушкин.  Суроғаи мо - кӯчаи Ғафурова, кӯчаи Федина, ки нодуруст аст.

Агар мақсад ба забон гирифтани номи ашхоси маъруф аст, пас «Суроғаи мо кӯчаи ба номи Пушкин аст», «Суроғаи мо кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров аст» гуфтан дуруст мебошад. Аксар вақт номҳои шаҳру навоҳӣ, маҳаллаҳо низ нодуруст навиштаву хонда мешаванд. Мисол: Вазъи корҳои ободонӣ дар кӯчаҳои У.Хайём, Ҳ. Шерозӣ, С. Шерозӣ ва У. Зоконӣ, маҳаллаи Хуҷандӣ хуб ҷараён дорад. Сокинони ноҳияи А.Фирдавсӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкати фаъол доштанд. Пахтакорони ноҳияи С. А.  Ҳамадонӣ низ аз иҷрои нақшаи ҳосилғундорӣ мужда расониданд.

Номҳоро бо ин тарз кӯтоҳ кардан нашояд.

Гоҳе ду пешоянд паси ҳам ё паҳлуи ҳам меоянд, ки боиси содиршавии хатои услубӣ мегардад. Масалан: Бо ба Россия рафтани ҷавонони кишвар масъалаи ба ҷои кор таъминкунии аҳолӣ ҳал намешавад. Ӯ пеш аз ба ҷудошавӣ ариза додан чунин шартҳо гузошта буд.

Ин ҷумларо метавон чунин ислоҳ кард: Ӯ то ҷудошавӣ ариза додаву шартҳо гузошта буд.

Айни ҳол таркибҳои душворфаҳм  дар гуфтору навиштори расонаҳои хабарӣ  зиёд истифода мешаванд. Масалан, ҳадс задан, орзуву ҳавас чашидан, ба сар бурдан, тамйиз кардан.1. Мисолҳо: Ҳар як ҷавон чашидани орзуву ҳаваси гаштанро дорад. 2. Ӯ чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк гуфта, дар Амрико ба сар мебарад. 3. Фаррош ҳар  саҳар саҳни коргоҳро рӯбу чин карда, тамйиз мекунад. Дар ҷумлаи 2, чиро ба сар бурдани ӯ маълум нест.

Дар луғат тамйиз кардан ба ду маъно омадааст: 1. фарқ кардани сара аз носара, нек аз бад. 2. солимфикрӣ, ақлу ҳуш, боодобу оқил будан.

Гӯштингири тоҷик Олим Зиёев соҳиби медали тиллоӣ гардид, ин сеюмин медали тиллоии ӯ буд.

Дар як реклама дар бобати табобатгоҳи чинӣ чунин сухан моҳҳои дароз садо медиҳад: Муолиҷаест, ки натиҷаи мусбии онро вақт исбот кардааст.

Дар ҷумлаҳои боло «медали тилло», «натиҷаи мусбат» бояд навишт. Баъзан табобати чинӣ–ро ровиёни ТВТ ва ТВС табобати чиноӣ мегӯянд, ки нодуруст аст. Баъзан шореҳи варзиш мегӯяд: «Бисёр бозии ҳассос аст ин бозӣ». Саҳв ин ҷо дар истифодаи вожаи «ҳассос» аст, он хоси мавҷуди зиндаи соҳиби ҳис аст, на аз бозӣ, ҳамчунин, калимаи «бозӣ» такрори бемавқеъ аст. Дар ҷумлаи «Бинобар сабаби  номусоидии обу ҳаво кишти пахта тӯл кашид», «бинобар сабаби» дар ҷумла саҳеҳ нест,  мебояд нависем «бино бар» ё «ба сабаби» ва маънии ҷумла халалдор намешавад.

Аслан, урфу одат, суннатҳо, пероҳандорӣ, таомҳо, аркони меъморӣ ва чанд ҷузъиёту куллиёт равиши миллӣ доранд, вале мебинем, ки дар овезаи пештоқи биное сабт шудааст: «Ошхонаи миллӣ»; сухан агар ин ҷо аз тарҳи бино биравад, пас, он хоси аврупоӣ аст. Мебояд навишт: «ошхонаи таомҳои миллӣ» ё «Таомҳои миллӣ». Милликунонии иншоот, мардумӣ кунонидани замин, об, ганҷҳои табиӣ мартабае ҳастанд, ки бо қарори вижаи ҳукумати қумҳурӣ муайян карда мешаванд. Масалан, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва ғайраҳо.

Дар кулли барномаҳои фарҳангии радио ва телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо бо ибораи «истеъдодҳои ҷавон» вомехӯрем. Вожаи мазкур маънои лаёқат, қобилият, салоҳият гуфтан аст. Яъне, мумкин нафаре истеъдод, лаёқат, салоҳият дошта бошад, вале ровиёну муаллифони мо мегӯянду менависанд. Дар меҳмонии мо истеъдоди ҷавон ҳузур дорад. Ӯ бояд бигӯяд: Дар меҳмонии мо соҳибистеъдоди ҷавон ҳузур дорад. Дар истифодаи ин вожа, ки аз забони русист, мо тақлидкорем. Намедонем, ки дар забони русӣ ин вожа ду маъно дорад: яке истеъдод, дигаре маҷозан соҳибистеъдод. Ин тарзи истифодаи калимаву ибораҳо дар китоби устоди зиндаёд М. Шакурӣ «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад» интиқод шудааст.

Ҳарф як навъ техника – василаи баррасикунандаи маъност, агар дастрасу фаҳмо бошад, хубтар аст. Ба андешаи банда, калкаи русии «воситаҳои ахбори омма» аз «средство массовой информации»-и русӣ ноқис тарҷума  шудааст. Ин ибора дар забони русӣ ҳадафманд мебошад, аммо дар забони тоҷикӣ не. Ба он монанд аст, ки мегӯем «шахси нома идора», «техникаи пахта хоҷагӣ», «қубурҳои об шаҳр». Дар чунин ибораҳо мақсади гӯянда маълум нест. Пас, барои он ки самту макони интиқол, вазифа, мавқеи истифода маълум шавад, хабар зарур аст. Яъне, бояд бинависем: «шахси номарасони идора», ё хабаррасон,  «техникаи ҳосилғундори хоҷагӣ», «қубурхои обрасони шаҳр» ва «воситаҳои хабаррасони оммавӣ» ё  «расонаҳои хабарӣ».

Вақтҳои охир дар лавҳу овезаҳо ибораҳои зерин ба чашм мерасанд: «нуқтаи таъмири пойафзол», «нуқтаи шустушӯи мошин ва қолин», «нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ» («НФС»). Ба андешаи мо, истифодаи вожаи «нуқта» дар ин гуна ибораҳо зурур нест, дар шакли «шустушӯи мошин ва қолин», «фурӯши сӯзишворӣ» ва ҳоказо низ мақсад возеҳу рӯшан аст.

Фуромадан, фуровардан – тахфифшудаи феълҳои “фуруд овардан”, “фуруд омадан” мебошанд. Вожаи “фурудгоҳ” маънои аэропортро надорад, яъне, самолётҳо дар ин макон на танҳо фуруд меоянд, балки парвоз ҳам мекунанд.

 

 Садриддин Ҳасанзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш