Нашрияи Омӯзгор

Бузургдошти Сайидои Насафӣ

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Бо иқдоми раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар бинои муассисаи таълимии №34-и шаҳр ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бо иштироки мудирони китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону хонандагон баргузор шуд, ки он ба эҷодиёт ва зиндагиномаи Сайидои Насафӣ бахшида шуд. Чорабиниро директори муассисаи таълимии №37 З. Гадоева ифтитоҳ намуд. Баъдан, Д. Худоёрова, мудири китобхонаи мактаб дар бораи зиндагинома ва эҷодиёти С. Насафӣ  маърӯза кард. Сипас, аз тарафи гурӯҳи хонандагони мактаб аз китоби «Баҳориёт»-и С. Насафӣ намоиши саҳнавӣ пешниҳод гардид.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш