Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон муайян гардиданд

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

21 январи соли равон даври сеюми олимпиадаи вилоятии хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои забонҳои модарӣ, русӣ ва англисӣ дар муассисаи таълимии №51-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.  Бояд қайд кард, ки дар озмуни мазкур 210  нафар ғолиби даври дуюми сабқат аз 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Дар марҳилаи якум тамоми довталабон кори хаттӣ (иншо) навиштанд ва довталабоне, ки аз иншо баҳои (55) гирифтанд, соҳиби 50 хол, баҳои (54) - соҳиби 45 хол, баҳои (44) - соҳиби 40 хол, баҳои (43) - соҳиби 35 хол, баҳои (33), соҳиби 30 хол ва баҳои (32), соҳиби 25 хол шуданд.Тибқи низомномаи озмун довталабон, новобаста аз шумораи холҳои гирифтаашон ба марҳилаи дуюм, яъне, ба супоридани имтиҳони тестӣ иҷозат дода мешаванд.

Довталабоне, ки соҳиби 82 -100 хол гаштанд, ғолиби озмуни минтақавӣ  гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Масъули баргузории озмун  Ҷ.Ҷобиров иброз намуд, ки дар олимпиада аз фанни забони модарӣ хонандагони мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб, мактаби Президентии ноҳияи Данғара, гимназияи давлатии ноҳияи Восеъ, литсейи №1 ва 2-и шаҳри Кӯлоб, литсейи техники ноҳияи Данғара, литсейи №1-и шаҳри Норак муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Кӯлобу Норак, ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Муъминобод  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш