Нашрияи Омӯзгор

Дастгирии донишҷӯён дар мадди аввал

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Дар  коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов  нишасти матбуотӣ  баргузор гардид. Директори коллеҷ Шариф Бедаков вобаста ба дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён қайд намуд, ки сифати таҳсилот  дар коллеҷ беҳтар гардида, раванди таълиму тарбия дар 2 бино, 10 шуъба, 13 ихтисос, 18 гурӯҳи таълимӣ (рӯзона ва ғоибона) ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад, дар 4 шуъбаи коллеҷ  23 нафар омӯзгори дорои маълумоти олии касбӣ ба 318 донишҷӯ таълиму тарбия медиҳанд.

Айни замон дар коллеҷ 64 нафар донишҷӯи гирандагони идрорпулиҳои номӣ мебошанд. Маъмурияти коллеҷ барои ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни фаъол ва санъаткорон дар давоми соли таҳсил 5 ҳазор сомонӣ ҷудо менамояд. Бо ташаббуси маъмурият ва иттифоқҳои касабаи кормандони коллеҷ омӯзгорону донишҷӯёни хоҳишманд барои табобат ба осоишгоҳҳо фирис-тода мешаванд.

Дар идома зикр шуд, ки ба ҳамаи ин дастовардҳо нигоҳ накарда, ҳоло ҳам сатҳи дониши илмии омӯзгорону донишҷӯён ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.Ҷамъбасти соли хониш нишон дод, ки 10 нафар донишҷӯ бо сабаби баҳои ғайриқаноатбахш гирифтан аз коллеҷ хориҷ карда шуданд, Нарасидани асбобҳои мусиқӣ ва дигар воситаҳои аёнии таълимӣ аз дигар норасоиҳо дар коллеҷ маҳсуб меёбад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш