Бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус, омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.
Вобаста ба ин, дар маҷлисгоҳи гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалил семинари шиносоӣ ва омӯзишӣ бо иштироки масъулин гузаронида шуд.
Дар оғоз муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҳмонов, сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Курси мазкур дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ давоми 3 рӯз гузашта, масъулин роҷеъ ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан, барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор машғулиятҳо баргузор менамоянд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тафсири мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла, муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудааст.
Ба таблиғгарон маводи ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла, дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва модули омӯзишии низоми ИМД дастрас карда мешавад.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр