Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти падару модар ва омӯзгоронро боз ҳам бештар намуда, онҳоро водор менамояд, ки дар таълиму тарбияи дурусти насли наврас ҷиддӣ бошанд.
Мутаассифона, бисёре аз волидон талаботи қонуни мазкурро риоя намекунанд. Волидоне низ ҳастанд, ки аз хониши фарзандон бохабар набуда, онҳоро аз назорат дур мондаанд. Моҳҳо рӯзномаи фарзандони худро намесанҷанд ва аз раванди таҳсили онҳо дар мактаб маълумот надоранд. Боре ҳам ба мактаб намеоянд, то бо фаъолияти фарзандашон шинос шаванд. Бетарафии онҳо нисбат ба тақдири ояндаи фарзандашон боиси ташвиш аст.
Нодира Тилабова,
омӯзгори мактаби мусиқии ба
номи Зиёдулло Шаҳидӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр