Нашрияи Омӯзгор

Завқи китобхонии кӯдакон

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Яке аз вазифаҳои асосӣ ва масъулиятноки мураббиёни муассисаҳои тарбияи томактабӣ дар замири тарбиятгирандагон ба вуҷуд овардан ва ташаккул додани завқи китобхонӣ мебошад.

Имрӯзҳо байни аҳли ҷомеа бо такя бар раванди вусъатёбии истифодабарии технологияи муосири иттилоотӣ, махсусан, сомонаҳои интернетӣ ақидае торафт бештар паҳн мегардад, ки сатҳи рӯйоварии аҳли ҷомеа, махсусан, наврасон ба китобу китобхонӣ баъди чанде тамоман коҳиш меёбад ва шояд дигар ниёзе ба нашри китобҳои дарсиву адабиёти бадеӣ ва ғайра намонад. Ба андешаи мо, ин ақида мухолифи воқеият мебошад. Барои исбот як далел меорем. Тибқи иттилои аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрасгардида дар соли 2019 ба толори хониши шуъбаи кӯдакон ва наврасони муассисаи мазкур 64 046 нафар хонандаи наврас ташриф оварда, аз 60 843 нусха китоб истифода кардаанд. Ҳамзамон, 2 653 наврас ҳамчун узви нави шуъба ба қайд гирифта шудааст.

Нишондиҳандаҳои мазкур, аз як тараф, агар аз коста нагардидани завқи китобхонии хурдсолон гувоҳӣ диҳанд, аз тарафи дигар, далели онанд, ки тавассути тадбирҳои самарабахш метавон майлу рағбати наврасонро барои мутолиаи китоб ташаккул дод. Масалан, шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бо мақсади тақвиятбахшии завқи китобхонии наврасон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кӯдаконаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакону наврасон - “Баҳористон” сабти барномаҳои телевизионии “Беҳтар аз дӯст” ва маҳфили “Адибони наврас”-ро ба роҳ мондааст ва тадбири мазкур кӯдакону наврасонро бештар ба китобу китобхона ҷалб намудааст

Дар ин ҷода мо - мураббиёни муассисаҳои тарбияи томактабиро зарур аст, ки дар зеҳни тарбиятгирандагони худ ақидаи устуворро роҷеъ ба он ки инсон метавонад фақат тавассути китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат, иқтисоди мамолики зиёд ошно гардад, ҷой бидиҳем. Онҳо бояд амиқан ва огоҳона дарк карда тавонанд, ки маҳз китоб рафиқи ҷонии ҳар як инсон мебошад.

Воқеан ҳам, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маьнавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Лола ШАБОЗОВА,

мураббии гурӯҳи калони

томактабии кӯдакистони №117-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш