Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилоти фосилавӣ – талаби замон

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мавзӯи «Роҳандозии низоми фосилавии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор шуд.

Маълум, ки дар асоси талаботи  ҷаҳонишавии таҳсилот низоми таҳсилоти ғоибона дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ба таҳсилоти фосилавӣ табдил дода мешавад.

Дар ҳамоиш мақсад, вазифа ва роҳҳои ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар бо истифода аз низоми таҳсилоти фосилавӣ ба таври муфассал мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ пурра бо истифодаи технологияи иттилоотию  иртиботӣ тибқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳандозӣ мегардад. Барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ дар ҳолате пурра иҷрогардида ҳисобида мешаванд, ки агар аз ҷониби донишҷӯён ҳаҷми умумии кредитҳои барои нақшаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзонаи ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбӣ муқарраргардида 100 фоиз аз бар карда шуда бошанд.

Таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ дар шакли ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ (лексия, машғулиятҳои лабораторӣ, амалӣ ва семинарӣ), корҳои мустақилонаи донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгор (дарсҳои лексионӣ ва корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ (корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ба роҳ монда мешаванд, ки ин ниҳоят мушкил ва талоши зиёдро талаб менамояд. Дар низоми фосилавӣ  ҳадди ақали ҳаҷми машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ барои як соли таҳсил на камтар аз 6 кредит муқаррар карда мешавад ва донишҷӯён бояд зимни баргузории сессияҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбӣ на камтар аз чор ҳафта ба машғулиятҳо  ҷалб карда шаванд.

Яке аз шаклҳои асосии корҳои мустақилонаи донишҷӯёнро (бо роҳбарии омӯзгор)  иҷрои корҳои назоратӣ ташкил медиҳад. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён ҳамчун фаъолияти мустақилона аз худ намудани маводи таълимӣ ба таври фосилавӣ таҳти назорати бевоситаи омӯзгор дар шакли иҷро намудани маҷмӯи вазифаҳои хонагӣ, супоришҳои тестӣ, навиштани реферат, эссе ва муаррифии маводи ҷамъоварда дар ҳафтаҳои таълими назариявии як даври академӣ ба роҳ монда мешавад.

Кредитҳо тибқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунанда барои иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгор (дарсҳои лексионӣ ва корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ҷудогардида ба сарбории таълимии омӯзгор бо пардохти маблағ ворид карда мешаванд.

Низоми баҳодиҳӣ дар шароити низоми фосилавӣ аз назорати ҷорӣ, қабули имтиҳонҳои фосилавӣ, муайян намудани рейтинги академӣ ва қабули имтиҳонҳои ниҳоии донишҷӯён, ҳамчунин, аттестатсияи хатмкунандагон аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо дарназардошти низоми кредитии таҳсилот ва истифода аз воситаҳои электронӣ амалӣ мегардад. Ҳайати омӯзгорон  таҳсилоти фосилавиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд тавассути воситаҳои ташкилию методии иртиботии раванди таълим ба роҳ монда, машварати назорати ҷории пешрафти донишҷӯёнро новобаста аз маҳалли ҷойгиршавии онҳо бо истифода аз технологияи иттилоотию иртиботӣ амалӣ гардонанд.

Дар низоми таҳсилоти фосилавӣ қабули имтиҳонҳои ниҳоии донишҷӯёнро аз ҷониби комиссияҳои фаннӣ ва аттестатсияи хатми хатмкунандагон аз ҷониби комиссияҳои аттестатсионӣ ба таври ҳатмӣ дар давраи сессияҳои таълимӣ тавассути технологияи муосир метавон амалӣ намуд.

Дастам Маҳкамов,

мудири шуъба,

Гулбаҳор Иноятова,

ходими пешбари илмии

шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш