Нашрияи Омӯзгор

Муҳаммадалӣ Азизӣ: Омӯзгори пойтахт будан ифтихор аст!

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Суҳбати рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ бо сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, доктори илмҳои педагогӣ Муҳаммадалӣ  Азизӣ

- Муаллими муҳтарам, мехостем, ки посухи шумо ба суоли зер ҳусни оғози суҳбатамон бошад: омӯзгорон дар ҷомеаи мо чӣ рисолате доранд ва то куҷо рисолати хешро сомон мебахшанд?

- Вобаста ба ин қазия ҳар як шахс нигоҳи худу андешаи худ ва дарку фаҳмиши худро дорад. Ба ин суоли аҳамиятманд аз гуфтугӯи ҳаррӯзаи мардум, аз воситаҳои ахбори омма, аз навиштаҳои аҳли илму адаб… метавон посухи муфассал дарёфт ва ба он хулосае расид, ки дар маҷмӯъ омӯзгорон дар ҷомеаи мо ва умуман, дар ҳама айёму даврон волотарин мартабаю мақому эҳтиромро доро будаанду ҳастанд. Омӯзгорӣ шарафмандист, ифтихору сари болост.

Ман бар онам, ки дар гуфтаҳои зерини муҳаббатбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати омӯзгорон ба таври муъҷазу равшан тавзеҳ ёфтааст: «Омӯзгорон машъалафрӯзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шуълаи меҳри хондану азбар намудан ва омӯхтани донишҳои гуногуни илми муосири ҷаҳониро меафрӯзанд. Ба ибораи дигар, онҳо шаҳсутуни низоми таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш мебошанд…

Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишвари моро муаллимон ташкил мекунанд».

Ин суханони Пешвои миллат дар умқ эътимоду эътиқоди баланд нисбат ба омӯзгорон доранд ва ҳамзамон, аҳли таълиму тарбияро барои фаъолияти бавусъату ҳадафмандона илҳомбахшу роҳнамоянд. Воқеан, аксар адибони тоҷик ва олимон дар ситоиши омӯзгорон суханони пурмеҳру самимӣ гуфтаву пеши эшон сари таъзим фуруд овардаанд. Ҷомии бузургвор барҳақ «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор» гуфтаасту Биноӣ мартабаи омӯзгорро чунин муқаррар кардааст: «Ҳаққи устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст». Тамоми меҳрномаҳои дар ситоиши омӯзгорон иншошударо агар ба ҳам орем, чанд ҷилд китоб хоҳад шуд.

Дар ҷомеаи кунунии мо низ омӯзгорон аз рисолати баланд бархурдоранд, мардум ба онҳо бо эҳтирому ихлосу сипос менигаранду муносибат мекунанд. Сиёсати Сарвари кишвар дар соҳаи маориф, тасвиби як силсила асноди марбут ба фаъолияту шахсияти омӯзгорон ва чанде аз омилҳои дигар ба ин мусоидат карда. Ва омӯзгорони муҳтарами мо ҳар яке ба қадри имкону тавону истеъдоду маҳорату малака ва сатҳи масъулиятшиносӣ мекӯшанд, ки муносиб ба рисолати худ дар ҷомеа, дар таълимгоҳҳо фаъолият дошта бошанд. То куҷо дар ин самт муваффақанд, аз баҳову нигоҳи аҳли ҷомеа ва аз нигоштаҳо дар расонаҳои иттилоотӣ бармеояд.

- Оё барои фаъолияти самарманди омӯзгорон ва таҳсили шоистаи шогирдон дар шаҳри Душанбе шароити созгор ва бозгӯй ба талаботи замон фароҳам оварда шудааст?

- Дар пойтахти ҷумҳурӣ, махсусан, дар давоми солҳои охир созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ хеле вусъат ёфт. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти шаҳр дигаргуниҳову пешрафтҳои куллӣ ба назар мерасанд, вале ғалат нахоҳем кард, агар бигӯем, ки ин ҳама тағйирот бештар ба соҳаи маориф дахл доранд ва чунин ҳам бояд бошад, зеро дар сиёсати Пешвои миллат ба соҳаи маориф афзалият дода шудааст. Вобаста ба ин суолатон иқтибосе аз суханронии Сарвари кишвар дар расми ифтитоҳи бинои нави мактаби рақами 65-и шаҳр, ки чанде пеш ба вуқӯъ пайваст, меоварам: «Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар натиҷаи фароҳам овардани шароиту имкониятҳои муосири таҳсил, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос нишондиҳандаҳои азхудкунии дониш, сифати таълим ва дастовардҳои илмиву эҷодии хонандагони пойтахт мунтазам беҳтар шуда истодаанд». Мехоҳам ин ҷо дар ҳошияи гуфтаҳои мазкур чанд далел биоварам. Танҳо дар давоми соли гузашта шумораи компютерҳо дар таълимгоҳҳои пойтахт аз 7141 адад ба 10847 адад, шумораи тахтаҳои электронӣ аз 512 адад ба 1217 адад ва шумораи кабинетҳои фаннӣ аз 574 адад ба 1101 адад расонида шуд. Теъдоди проектору принтерҳо низ ҳеле афзуд. Дар шаҳр дар давоми се соли охир 18 муассисаи нави таълимӣ бунёд гардидаву мавриди истифода қарор дода шуд. Танҳо дар давоми соли 2019 сохтмони 11 муассисаи таълимӣ (бо 16000 ҷойи нишаст) ба анҷом расонида, теъдоди муайяни таълимгоҳҳо ба таври куллӣ таъмир гардиданд ва қисме соҳиби синфхонаҳои илова шуданд. Аксари мактабҳо таҷҳизоти навтарини таълимӣ дарёфт карданд. Метавон дар ин мавзӯъ боз ҳам бо далели бештар сухан гуфт, вале муҳим он аст, ин ҳама тадбирҳо самаровар гаштанд ва дар такмили фаъолияти омӯзгорону таҳсили шогирдон нақши нек гузоштанд. Чунончи, хонандагони таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон (синфҳои 5-8) соҳиби 92 ҷойи ифтихорӣ ва миёни хатмкунандагон (синфҳои 11) 143 ҷойи ифтихорӣ (дар маҷмӯъ 237 ҷойи ифтихорӣ) гардиданд. Ин дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондиҳандаи беназир ва умуман, комёбии бесобиқаи шогирдони муассисаҳои таълимии пойтахт мебошад. Ин ҳам далели хеле ҷолибу нишотбахш аст, ки дар соли 2019 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 171 нафар шогирди мактабҳои мо сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. Дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» аз 12 ҷойи ифтихорӣ 7 ҷойро (аз ҷумла, «Шоҳҷоиза»-ро) хонандагони пойтахт соҳиб шуданд. Ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли гузашта 90 дарсади хатмкардагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба мактабҳои олии дохилу хориҷи мамлакат шомил гардиданд. Ва ин ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ комёбии беҳтарин аст, ки 10 нафар шогирди мактабҳои мо пас аз итмоми соли таҳсили 2018-2019 соҳиби медали тилло шуданд. Аз ҳама нишондиҳандаи нишотбахш барои мо он аст, ки дар соли таҳсили гузашта сифати таҳсилот аз 36,6%-и қаблӣ ба 42,1% ва дараҷаи азхудкунӣ аз 90,3 % ба 95,3% расонида шуд.

Омӯзгорони мо дар баробари фаъолияти пурбор дар татбиқи як силсила асноди раҳнамои соҳа, аз ҷумла, «Барномаи рушди маорифи шаҳри Душанбе» (2018), «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022», «Барномаи рушди таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025» ҷидду ҷаҳд намуда, дар корҳои ҷамъиятии пойтахт, дар ободонию созандагӣ, дар таҷлили ҷашнвораҳо… фаъолона ширкат варзиданд.

- То ҷое ки мо огаҳӣ дорем, ҳоло дар пойтахт аттестатсияи омӯзгорон, ки як навъ ҳисоботи омӯзгорон ва ҷамъбасти фаъолияти онҳо дар давраи муайян аст, идома дорад. Перомуни ин тадбир байни мардум ва воситаҳои ахбори омма гуфтугузори мухталиф ба миён омадааст. Шумо ин вазъро чӣ гуна тавзеҳ мебахшед?

- Аттестатсияи кормандон аслан тадбири ҷиддиву муҳим ва расмиест, ки тамоми соҳаҳоро фаро мегирад ва дар заминаи нишондоду дастурҳои асноди тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён меёбад. Он ба ягон навъ фишору таҳқиру танбеҳу хурдагирӣ иртиботе надорад, танҳо баҳо додан ба фаъолияти корманд дар давраи муайян ва холисона муқаррар кардани дараҷаи тахассуси ӯст. Аттестатсияи омӯзгорон дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (07.06.2017,№281) тасдиқ шудааст, баргузор мешавад. Дар ин санади дастурӣ тамоми ҷанбаҳои ташкил ва гузарондани аттестатсияи омӯзгорон (аз муқаррароти умумию шартҳои аттестатсия то вазифаву ваколатҳои коммисияи аттестатсионию меъёрҳои баҳодиҳӣ) дақиқан нишон додаву ташреҳ бахшида шудааст. Мо дар давоми давраи баргузории аттестатсияи омӯзгорон ба таври ҷиддӣ назорат менамоем, ки аъзои коммисияи аттестатсионӣ аз доираи ваколатҳои худ берун нараванд ва ба фаъолияти омӯзгорон баҳои ҳақиқию холисона диҳанд. Аттестатсияи омӯзгорон қаблан дар ҳар панҷ сол як маротиба сурат мегирифт. Минбаъд он дар ҳар се сол як маротиба баргузор хоҳад гашт; яъне ҳар омӯзгор пас аз ҳар се сол як маротиба дараҷаи тахассуси худро ҳимоя хоҳад кард ва ё соҳиби дараҷаи тахассусии дигар хоҳад гашт. Омӯзгори фаъол аз аттестатсия ҳаросе надорад, бо сари баланд ва бо омодагии ҷиддиву кӯлбори пурбори донишу таҷрибаву маҳорату малака ва комёбиҳо ба он ҳозир мешавад, ҳам ҳайати комиссияи аттестатсиониро мамнуну қонеъ мегардонаду ҳам худ фараҳманд мешавад, баҳои сазовор мегирад, барои идомаи фаъолият неруи маънавӣ дармеёбад, обрую эҳтиромаш байни ҳамкорон меафзояд. Ва баръакс, омӯзгоре, ки ба аттестатсия омода несту комёбӣ, пешрафти чашмгире надорад, худомӯзию такмили ихтисос накардааст, аз аттестатяи меҳаросад, ба суолҳо посух дода наметавонад ва табиист, ки комёб намешавад. Маҳз иддае аз ҳамин гурӯҳ омӯзгорон санги маломат ба аъзои комиссияи аттестатсионӣ меафкананд, аз «беадолати»-ҳои онҳо овозаҳо паҳн мекунанд. Мо иҷозат додаем, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар ашхоси хоҳишманд дар ҷараёни аттестатсияи омӯзгорон ҳамчун нозир ширкат варзанд ва дар хотима бо аъзои комиссия табодули афкор бикунанд.

- Биёед, дар ин мавзӯъ ошкортар сухан бигӯем. Аксар омӯзгорон шикоят аз он доранд, ки ҳангоми аттестатсия аз онҳо тақозо мешавад, ки муаллифи якчанд мақола бошанд ва навиштаҳояшонро нишон диҳанд. Оё дар ин маврид мақола навиштану дар нашрияҳо ба табъ расонидани омӯзгорон ҳатмист?

- Дар нимаи аввали суҳбатамон гуфтем, ки аттестатсияи омӯзгорон комилан дар иртибот ба ҳуҷҷати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, мо ҳуқуқи аз доираи муқаррароти он берун рафтан надорем. Ҳуҷҷати мазкур – «Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чаҳор замимаро низ дар бар мегирад. Замимаи 2 «Ҷадвали баҳодиҳии фаъолияти корманди соҳаи маориф» ном дорад ва дар нишондодҳои он аз омӯзгор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, кор карда тавонистан бо технологияҳои компютерӣ, иттилоъ додан дар бораи худомӯзӣ, такмили ихтисос, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ тақозо мешавад. Ҳамчунин, талаб мешавад, ки омӯзгор дар конфронсу семинарҳо маърӯза карда бошад ва муаллифи мақолаҳои методӣ бошад. Яъне мақоланависии омӯзгорон аз ҷониби сарраёсати маорифи шаҳр ё ягон корманди масъули он муқаррар карда нашудааст, он тақозои ҳуҷҷати расмист.

Ин ҷо бояд бигӯем, ки солҳои пешин ҳангоми аттестатсияҳои омӯзгорон дар аксар маврид ин нишондоди ҳуҷҷати мазкур қатъи назар карда мешудааст ва мо кӯшидем, ки ин ҳолатро ислоҳ намоем.

Ин ҷо бамаврид менамояд, ки иқтибосе аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» вобаста ба уҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф (моддаи 51) биоварем. Дар моддаи мазкур, аз ҷумла, уҳдадориҳои зерини омӯзгорон таъкид шудааст:

-дар раванди фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;

-вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, методӣ, назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд;

-маводи нави илмӣ, таълимӣ, методӣ, рӯзнома, маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд.

Қонун қонун аст ва талаботи онро ҳатман бояд риоя ва иҷро кард. Мо аз омӯзгорон талаб кардем, ки дар 5 соли давраи аз аттестатсия гузаштанашон дар нашрияҳо 5 мақолаи методӣ ба табъ расонанд ва акнун, ки аз аттестатсия дар ҳар 3 сол як маротиба мегузаранд, бигзор, 3 мақола дар ин давра иншо намоянд. Ончунонки дар ҳуҷҷати зикрнамудаамон омадааст, омӯзгорон бояд асосан мақолаи методӣ нависанду ба нашр расонанд ва ба комиссияи аттестатсионӣ пешниҳод кунанд, вале мо ҳангоми аттестатсия ҳама гуна нигоштаҳои нашршудаи онҳоро (ҳатто, хабару мақолаҳои ғайриметодиашонро) пазируфтему ба инобат гирифтем.

Шахсан ман ҷонибдори онам ва сидқан таманно дорам, ки омӯзгор эҷодкор бошад, аз таҷрибааш, дар заминаи мушоҳидаву бардоштҳояш, вобаста ба андешаву афкораш мақолаҳои методӣ навишта тавонад. Магар бидуни суханпардозию образофарӣ, ба таври содаву равону озод ба ҳадди ақал дар ҳаҷми 15-20 ҷумла оид ба ягон паҳлуи таълиму тарбия ибрози назару мулоҳиза кардани омӯзгоре, ки маълумоти олӣ дораду ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна на камтар аз 30 иншо навиштаасту дар мактаби олӣ ҳам чандин кори курсию кори эҷодию рисолаи дипломӣ иншо бинмудаасту мунтазам рӯзномаву маҷаллаву китоби бадеӣ мехонаду ҳамарӯза 3-4 тарҳномаи дарс (план-конспект), ки низ кори эҷодист, менависад, душворие дорад?! (Се мақолаи методӣ: ҳар кадоме се саҳифаи компютерӣ (дар маҷмӯъ 9 саҳифа) дар давоми се сол! На дар давоми 1-2 моҳи арафаи аттестатсия!) Оре, омӯзгор бояд эҷодкор бошад ва хушбахтона, қисмати зиёди омӯзгорони мо ҳамин хусусиятро доранд ва дар радифи эҷодкориҳои дигар мақолаҳои гуногун, хабару шеъру ҳикояҳо, дастурҳои методӣ менависанд, ҳаммуаллифони китобҳои дарсианд. Мо аз ин гуна устодони худ ифтихор мекунем ва мекӯшем, ки ба қадри имкон дастгирашон бошем. Солҳои охир дар тамоми нашрияҳои кишвар навиштаҳои омӯзгорони пойтахт пайваста ба нашр мерасанд, ҳатто беш аз 50 дарсади маводи қисме аз нашрияҳо ба қалами омӯзгорони мо тааллуқ дорад. Се-чор сол қабл аз ин чунин набуд. Умуман, дар давоми солҳои 2018-2019 омӯзгорони пойтахт дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 3000 (!) мақола ба нашр расондаанд ва 20 дастури методӣ таҳия кардаанд. Дар аксари ин нигоштаҳо мулоҳизаҳои ҷолиб, пешниҳодоти судманд, андешаҳои созанда ба назар мерасанд, ки ба такмили ҷараёни таълиму тарбия ҳиссагузорӣ менамоянд, байни омӯзгорон мубодилаи афкор ба вуҷуд меоваранд. Ҳадафи мо ҳам ҳамин аст. Омӯзгорӣ бо эҷодкорӣ даромезад, комёбӣ бор меоварад.

Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои омӯзгорон ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Масъалаҳои маориф», «Субҳи умед»-ро таъсис додааст. Боз дар вилоятҳову қисме аз шаҳру ноҳияҳои кишвар нашрияҳои махсуси аҳли маориф арзи ҳастӣ доранд. Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф нашрияе бо номи «Ҳомии омӯзгор» дорад. Дар сарраёсати маорифи пойтахт соли 2019 маҷаллае бо номи «Маорифи Душанбе» таъсис дода шудааст. Мо ҳар сол як маҷмӯаи мақолаҳои омӯзгорони шаҳрро дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасонем. Магар ин ҳама маҷаллаву рӯзномаҳо барои журналистонанд? Не, онҳо асосан минбари омӯзгоронанд, пеш аз ҳама, барои чопи нигоштаҳои аҳли маориф таъсис ёфтаанд.

Ҳеҷ ба шарафу этикаи омӯзгорӣ созгор намеояд, ки «ман омӯзгори забону адабиёт не, ки эҷодкорӣ кунам», «ман омӯзгорам, на журналист», «ба мақоланависӣ вақт надорам»… бигӯӣ. Ва инро онҳое мегӯянд, ки аслан «як илоҷ карда» мактаби миёнаву олиро хатм кардаанду имрӯз дар оғӯши мактаб «як илоҷ карда» рӯз кӯр мекунанд, ҳаргиз бо ҳикмати «Омӯзгорӣ эҷодкорист» муросо карда наметавонанд.

Ин гуна омӯзгорон, хушбахтона, хеле каманд, вале мутаассифона, гапу калочаҳои хеле зиёд паҳн мекунанд. Чанде аз рӯзноманигорони аз соҳаи маориф начандон бохабар дар ин замина мақолаҳое ба табъ мерасонанд, ки бо воқеият созгор нестанд. Бубинед, рӯзноманигоре навиштааст, ки «аз ҷониби омӯзгорон навиштани мақола дар пешрафти соҳа чӣ нақш бозида метавонад?» Ин сатрҳоро хонда, кас аз сатҳи фаҳмиши рӯзноманигор дар ҳайрат мемонад.

Дар омади гап бояд бигӯям, ки ман ба журналистони муҳтарам эҳтирому эътиқоди зиёд дорам, ба қадри имкон навиштаҳои онҳоро мутолиа мекунам ва дар фаъолияти хеш мулоҳизаву пешниҳодоти судманду мақбули онҳоро ба инобат мегирам. Вале баъзан эҳсос мешавад, ки ин ё он қаламкаше, ки оид ба соҳаи маориф менависад, аслан аз одитарин асноду хусусияту ҷанбаҳои хоси соҳа огаҳманд нест. Шояд вақти он расидааст, ки чун журналистони соҳаи варзиш, журналистони соҳаи сиёсат… журналистоне парварда шаванд, ки махсус ба соҳаи маориф дахлдор бошанду ин соҳаро хуб донанд…

-Тарафи дигари қазия: дар навиштаҳои журналистон ва дар гуфтугузорҳои алоҳида аз он изҳори нигаронӣ мешавад, ки қисмате аз омӯзгорон ба ивази маблағ соҳибмақола мешаванд, яъне ба соҳибқаламе маблағи муайян медиҳанду ӯ барояшон мақолае иншо мекунад.

-Ин гуфтаҳо, мутаассифона, асос доранд. Чунин рафтор бешарафист, бемасъулиятисту аз танбалии омӯзгорони алоҳида ва қобилияти костаи онҳо дарак медиҳад. Масалан, дар рафти аттестатсия аз мавзӯъ ва мазмуни мақолаҳои онҳо суҳбат намоем, худ маълум аст. Мо мекӯшем, ки чунин омӯзгоронро ошкор созему ба онҳо баҳои воқеӣ бидиҳем. Ҳодисаеро ёдовар мешавам. Ҳафтаи гузашта зимни баргузории аттестатсияи навбатии омӯзгорон мо, аъзои комиссия, нисбат ба мақолаи омӯзгоре ба шубҳа афтодем, ки онро худаш нанавиштааст. Омӯзгор ҳам иқрор шуд, ки мақоларо бо хоҳиши ӯ шавҳараш - устоди мактаби олӣ эҷод кардааст. Мо бештар аз он мутаассиф будем, ки омӯзгор «мақолааш»-ро худ ҳатто боре мутолиа накардаасту аз мазмуни он огаҳие надорад. Бигзор гилеми хонаат фарсуда бошад, аммо аз они худат бошад! Ва мардум мегӯянд: Бори каҷ ба манзил намерасад.

-Биёед, суҳбатамонро дар рӯҳияи дигар анҷом бубахшем. Чандест, ки аҳли кишвар ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаъолияти густурда доранд. Аҳли маорифи пойтахт ин фархундаҷашни миллатро бо чӣ дастовардҳое истиқбол хоҳанд гирифт?

-Сисолагии Истиқлолияти давлатӣ ҷашни бошукӯҳу пурифтихор ва файзбахши миллат аст. Аз ин ҷост, ки ба он тамоми сокинони кишвар омодагии ҷиддӣ мебинанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе чун дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ, бунёдкорию офарандагӣ дар ҳамаи соҳаҳо бомарому бавусъат идома доранд. Аҳли маорифи пойтахт ба ин муносибат фаъолияти худро боз ҳам таҳким бахшида, пеш аз ҳама, барои тарбияву таълими насли наврас дар сатҳи баланд ва бозгӯй ба талаботи замон ҷидду ҷаҳд менамоянд. Мо бо ҳадафи сазовор истиқбол гирифтани сиюмин солгарди истиқлолият нақшаи махсус ва хеле фарогири чорабиниҳоро таҳия бинмудаем, ки муҳтавои он ба гуфтаҳои зерини Пешвои миллат иртибот дорад: «Пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад. Мо танҳо дар ҳамин сурат метавонем, ки насли воқеан ҳам донишманду соҳибмаърифат, ҷӯяндаву ихтироъкор, донандаи илмҳои муосир ва забондону эҷодкор, яъне созандагони ояндаи ободи кишварамон ва муаррификунандаи миллати некноми худро тарбия карда, рисолати худро дар назди халқу Ватан ва наслҳои имрӯзу фардо сарбаландона иҷро намоем».

Омӯзгори пойтахт будан ифтихор аст ва масъулияти зиёд ҳам дорад.

Ба ҳамаи омӯзгорони арҷманди шаҳри азизамон комёбиву тансиҳатӣ ва фаъолияти бардавому пурсамар таманно дорам.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш