Нашрияи Омӯзгор

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз…

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳи хосса таҷлил гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Ёрдамчии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Нуридин Саид, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода инчунин, аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идора, кумитаҳо ва сокинони мамлакат иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз намуд, ки «ҷашни Сада ҳамчун оини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Сада дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расониданд».

Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид.

Зикр шуд, ки ҷашни сада яке аз бузургтарин суннатҳои волои мардумони ориёитабор маҳсуб мешавад. Пайдоиш ва решаи иҷтимоии ин ҷашн бештар ба корҳои кишоварзӣ ва рӯзгори қадимаи ин мардумон пайванди ногусастанӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки Сада вожаи форсии тоҷикӣ аст. Дар форсии миёна, форсии бостон ва Авесто вожаи “сат” ба маънии “сад”, яъне адади “сад” корбаст шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон,  ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда,  бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд. Баъди  ҷашни Меҳргон ва ҷамъоварӣ намудани маҳсули кори яксолаи деҳқонон, кишоварзон дар фасли тирамоҳ бо гузаштани 90-100 рӯз боз  барои корҳои нави кишоварзӣ камар мебанданд. Аз ин рӯ, бо афрӯхтани оташ дар назди хонаҳо ва дигар ҷойҳои муайян, дар марҳилаи  гузаштани фасли зимистон мардуми зиндадили ориёнажод нишон медоданд, ки бо истифодаи қувваи оташ,  матонати дили гарму нармашон мардуми оламро ба ободкорӣ, меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ҳидоят менамоянд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид.

Инчунин аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик-агролизинг»  «Беҳтарин ихтироъкор», «Беҳтарин ниҳолпарвар» ва «Беҳтарин хоҷагии деҳқонӣ» бо сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Н. Охунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш