Нашрияи Омӯзгор

Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Роҷеъ ба ҷашни Сада дар асрҳои X – XI, махсусан, дар қасидаҳои шоирони дарбори Ғазнавиён, аз қабили Унсурӣ, Фаррухӣ, Мануҷеҳрӣ, Асҷадӣ ва дигарон ишораву тасвирҳои нисбатан бештар ба назар мерасанд. Е.Э.Бертелс дар мақолаи «Ҷашни Сада дар назми форс - тоҷик» қисмати насиби қасидаҳои мадҳиявии шоирони номбурдаро таҳқиқ намуда, мавқеъ ва муносибати шоҳони он давраро ба ҷашни Сада муайян кардааст.

Ба ақидаи ӯ, баъзе аз шоҳон Садаро қабул доштанд, аммо бархе дигар аз мулк онро ҳамчун оини бутпарастону ҷодувон ва оташпарастон мешумурданд. Аз ин лиҳоз, шоирони дарбор низ мувофиқи қабулу назари ин подшоҳон қасидаҳои мадҳиявӣ мегуфтанд.

Бояд зикр кард, ки дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маросими чоршанбесурӣ ё чоршанбеи охирон то ба имрӯз маъмул аст, ки бозмондае аз ҷашни Сада маҳсуб аст. Мардум дар ҷоршанбеи охирини сол, ё ба ҳисоби дигар, ҷоршанбеи охирини моҳи сафар, пеш аз ҷашни Наврӯз гулхан афрӯхта аз болояш меҷаҳиданд. Дар ин бора аз рисолаву мақола ва маҷмӯаҳои фолклорию этнографӣ ва таърихӣ маълумоти муфассалро пайдо кардан мумкин аст.

Азбаски одамони қадим аз қонунҳо ва ҳодисаҳои табиат бехабар буданд, бинобар ин, дар паси ҳар яки он қувва ё Худоеро тасаввур мекарданд. Дар баъзе минтақаҳо (масалан, Ховалинг, Язғулом) боварҳо дар бораи Оҷуз ё Аҷузкампир боқӣ мондаанд. Мардум онҳоро ҳамҷун намоди (образи) сармо  ва зимистони қаҳратун  мешумурданд ва бовар доштанд, ки дар айёми Наврӯз вай мемирад. Дар Язғулом, дар ибтидои асри гузашта, мувофиқи маълумоти М.С.Андреев, рӯзҳои сарди зимистонаро «кампир дар ғор» меномиданд ва дар фасли баҳор «вай ба маконаш мерад, мӯлҷашро – ба мебиёд» мегуфтанд. Инҷунин, дар арафаи омадани баҳор ба мазмуни «кампира гиру дар алав парто» ифодае низ ҳаст. Дар робита бо ин мазмун М.С.Андрев мақоли маъруфӣ «ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад»-ро дар мақолааш зикр намуда, кампирро рамзи зимистон маънидод кардааст.

Дар Яғноб, Мастчоҳи Кӯҳӣ, намоди сарморо ба ҷоҳи Оҷуз ё Аҷузкампир Холҷун меномидаанд, ки тибқи мулоҳизаи М.С.Андреев, Оҷуз аз калимаи арабии «оҷиз» гирифта шуда, истилоҳи «кампири Холҷун» нисбатан қадимтари он мебошад. «Аммо дар Яғноб сабаби хунукиҳоро дар он мебинанд, ки ҷисми кампири Холҷун фавтида, гӯрнокарда мемонад. ҳамин ки гӯраш карданд, гармӣ оғоз меёбад».

Аз навиштаҳои мардумшиносону муҳаққиқони фолклор бармеояд, ки тасаввурот дар бораи кампири Аҷуз дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ мухталиф будааст. Агар айёми Аҷузро дар Бадахшони Тоҷикистон рӯзҳои хуб ҳисобанд, пас, мардумони ҳисору Яғноб, Искандаркӯл ва ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон, инчунин, навоҳии Форишу Китоб – вилояти Қашқадарё ва вилояти Самарқанду Ҷиззах айёми Аҷузро наҳс мешумурданд. Масалан, «аҳолии деҳаи Қаротоғ, асосан занҳо дар ҳафт рӯзи аҷуз ҷомашӯӣ намекарданд, нохун намегирифтанд ва сар намешустанд. Гӯё агар сар шӯянд, мӯйҳояшон мерехтааст, ҷомашӯйӣ кунанду нохун гиранд, фалокат таҳдид мекардааст».

Этнографи машҳури рус Н.А.Кисляков соли 1935 дар деҳаҳои Нурунҷ, Деҳи Баланд, Бедаки Поён, Бедаки Боло, Бедаки Миёна, Қарақутан ва Ҷавҷӣ, ки дар поёноби дарёи Хингоб ҷойгир шудаанд, пажӯҳиши этнографӣ анҷом дода, роҷеъ ба баргузории ҷашни моҳи ҳут низ ишораҳо намудааст. «Мувофиқи ривоятҳои сокинони қишлоқҳои мазкур, ки ба якдигар наздик ҷойгир шудаанд, мардуми он ҷо ба ҳамдигар хешу табор мебошанд ва шаҷараи аҷдодии онҳо ба Мулло Наим ном шахси донишманду тақводоре рафта мерасад, ки 400 сол пеш зиндагӣ карда будааст. Ин шахс гӯё васият карда будааст, ки ҳамасола дар се рӯзи аввали моҳи ҳут маросим барпо кунанд. Дар ҳар оила то 100 дона нони чапотӣ пухта, ба табақаҳои чӯбин реза карда, ба он равғани зардро бо дӯғ якҷоя намуда, мерехтанд. Ин хӯрокро («қурутоб», «равғанҷӯшӣ») бо навбат аз ҳар хонадон ба аловхона, ки дар он ҷо ҳар рӯз ҳамдеҳагону баъзе меҳмонон ҷамъ мешуданд, мебурданд. Ҷамъомадагон гулхани нисбат ба ҳаррӯза калонтар афрӯхта, дар атрофи он чой менӯшиданд, ғизо мехӯрданд. Ингуна нишастҳо дар се рӯзи авваи моҳи ҳут барпо мешуданд.

Ҳамин тариқ, Сада ҷашни бостонии тоҷикон ва халқҳои шарқ буда, мазмунҳои ҷодуӣ ва асотирӣ дорад ва аз ин лиҳоз, дар Шарқи тоисломӣ, махсусан, дар даврони Сосониён, онро аз дини зардуштӣ ҷудо таҷлил менамуданд. Аз ишораҳои шоирони асрҳои Х – Х11 маълум аст, ки Сада дар ин қарнҳо як андоза эҳё гашта, ҳамҷун яке аз ҷашнҳои оммавии дарборию мардумӣ аслан бо мақсади шодию нишот баргузор мешуд. Баъдан, пас аз ҳамлаи муғул ва мониъшуданҳои шоҳони турктабору мутаассибон, ҷашни Сада аз ёдҳо фаромӯш гашт. Аммо дар байни мардуми заҳматкаш бозмондаҳои он дар шаклҳои гуногун то замони мо расидаанд, ки бо номҳои ҷоршанбесурӣ ва ҷашни ҳут маъруфанд.

Сафар Эркаев,

дотсенти факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш