Нашрияи Омӯзгор

ДСРТ соҳиби ҷом гардид

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол баргузор гардид.

Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои ДДҲБСТ ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бо ҳам рақобат намуданд. Бо шикаст додани ҳариф дастаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  соҳиби ҷои аввал ва ҷоми мусобиқа гардид.

Дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейбол 18 даста иштирок намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади оммавигардонии соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ роҳандозӣ гардид.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш