Нашрияи Омӯзгор

Қадамҳои устувори Динара

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Динара дар синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ таҳсил дорад.

Соли савум аст, ки ӯ дар муассисаи давлатии мактаби варзишии назди муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №2 аз намуди бозии шоҳмот тамрин мекунад. Дар соли сипаригардида  дар сабқати ҷумҳуриявии шоҳмотбозон соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид.

Динара Меҳралишоева пас аз ғолибият дар марҳилаи вилоятӣ ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот ба шаҳри Душанбе сафарбар гардид. Ин дафъа низ бахт ба рӯйи Динара хандид. Ӯ бо шикаст додани аксари ҳарифонаш тавонист медали нуқра ба даст орад. Албатта, дастовардҳои варзишии Динара ба заҳмату серталабии мураббиаш  Гулхон Мадшоев пайвастагии ногусастанӣ доранд.

Маҳз ғамхорӣ ва масъулиятшиносии Г.Мадшоев буд, ки дар се соли охир ба хазинаи варзишии муассиса аз сабқатҳои сатҳи ҷумҳуриявии шоҳмотбозон як медали тилло, чор нуқра ва ду биринҷӣ ворид гардид, ки аз меҳнати босуботи ин мураббии кордон шаҳодат медиҳад.

 

Пайваста НОЗУМБЕКОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и ноҳияи Шуғнон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш