Нашрияи Омӯзгор

Паём ва масъалаҳои рушди маориф

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) дастоварду комёбиҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро таҳлилу баррасӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои оянда мушаххас намуданд.

Дар иртибот ба моҳияту муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паём дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд бо иштироки олимону устодон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯи «Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф» конфронси илмию назариявӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки барои ҷомеаи пешрафтаву мардуми саодатманди ин кишвари обод, баҳри фаъолияти озоду осоишта, вусъати созандагиву бунёдкориҳои бесобиқа ва таъмини шароити зиндагии арзанда тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам мебошад. Моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳои зиндагӣ, яъне, сулҳу субот ва ободию осоиштагӣ расида, бо фаъолияти созандаи худ Ватанамонро боз ҳам рушд бахшем.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш