Нашрияи Омӯзгор

Тарғибгарони ғояҳои ватандӯстӣ

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа аз  муттаҳидии  ҷавонон дар атрофи ғояҳои худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва  башардӯстӣ сарчашма мегирад.

Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобастагии зиёд дошта,  иттиҳоди ҷавонон асоси он ба шумор меравад.   Бо эълон гардидани  «Соли 2017- соли ҷавонон» имкони бештар барои рушди ҷавонони кишвар, ифодаи истеъдод ва қобилиятҳо муҳайё гардид ва дар ин замина, ҳиссии ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ғурури миллии ҷавонони мо то дараҷае боло рафт.

Дар сиёсати давлатӣ, дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар, масоили ҷавонон дар самти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мақоми махсусро касб кардааст:  ҳаматарафа рушду инкишоф ёфтани  насли наврас, ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва монанди инҳо дар мадди аввал меистад. Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи  миллату давлат,  ҳифз  ва  талқин  намудани фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллию  анъанавӣ  дар   пешбурди  ҷомеаи имрӯзи тоҷикон ширкати фаъолона меварзанд. Бинобар ин, устодони макотиби миёнаву олии кишварро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу башардӯстӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Зеро собит шудааст, ки раванди ҷаҳонишавӣ фарҳангу анъанаҳои заиф ва худшиносиву худогоҳии миллии нотавонро ба коми худ фурӯ мебарад. Барои он ки ҷавонони мо ба фишори ҷаҳонишавӣ муқовимат намуда, асолати миллӣ ва худогоҳиву хештаншиносии худро ҳифз намоянд, мусаллаҳ  будани онҳо бо донишҳои ҷаҳони муосир ҳатмӣ мебошад. 

Нарзиой Фозилова,

омӯзгори забон ва

адабиёти  мактаби №53-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш