Нашрияи Омӯзгор

Раҳнамою раҳкушо

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат дар баробари таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва мавқеи байналхалқии он ба соҳаҳои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварӣ, донистани асосҳои илмҳои дақиқ, шинохти мавқеи таърихии миллати тоҷик аз ҷониби ватандорон, роҳҳои дар солҳои минбаъда ба ин мақсадҳои наҷиб расидан диққати махсус дода, барномаи мушаххаси амалиро пешниҳод карданд.

Дар ин дастури раҳнамо, пеш аз ҳама, ба ташаккули худшиносӣ  ва равнақ додани тарбияи насли наврас диққати асосӣ дода шудааст.

Сарвари давлат борҳо аз минбарҳою бо воситаи китобҳояшон оид  ба пок нигоҳ доштани забони модарӣ изҳори ақида  кардаанд. Дар Паёми навинашон низ Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳ намуданд. “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем”. Ин гуфта бори дигар гувоҳи он аст, ки Пешвои муаззами мо ба забони модарӣ ҳамчун ба як рукни пурқуввати давлатдорӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ муносибат мекунанд. Баҳси имлои забони тоҷикӣ дар байни аҳли ҷомеа солҳои тӯлонӣ давом дорад ва олимони муҳтарами мо, мақомоти марбута ҳеҷ ба як хулосаи саҳеҳ омада наметавонанд ва хараҷу мараҷ дар ин соҳа давом дорад. Ҳатто дар матбуоти даврӣ, ки яке аз воситаҳои асосии саводноккунии аҳолӣ ба шумор меравад, ба покии забони модарӣ аҳамият дода намешавад. Масалан, дар хатти равони телевизион қариб ҳар рӯз  ифодаи “дар ин соҳа бисёр кушиш кардем” чандин маротиба ба чашм мехӯрад. Ба ҷойи “ӯ” истифода шудани “у” маъноро то ба куҷо мебараду то кадом поя дигар мекунад, худатон қазоват кунед. Ҳамин ҳол  дар истифодаи   ҳарфи дар аъроф монда - ӯ дар калимаҳои  бисёре (аз қабили “бур-бӯр”, хурд-хӯрд, сум-сӯм, гӯй-гуй, шуй-шӯй, рух-рӯх...) ба назар мерасанд. Бар замми ин, кайҳо собит шудааст, ки дар забонҳои ҷаҳон ҳеҷ вақт имло инъикоскунандаи пурраи садои овозӣ набуд. Имло воситаи якнавохт навиштани овоз аст. Вақти он расидааст, ки барои дар як қолаб саводнок кардани аҳолӣ ба хулосаи аниқи навишти калимаю садоҳо оем. Ҳоло аз ҳар гуна навиштани калимаю садоҳо кор ба ҷое расидааст, ки ҳар омӯзгор такягоҳи худро дорад ва “сартароширо дар сари хонандааш меомӯзад”.

Ҳамасола баргузор шудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, нишон додани самтҳои он, таъкиди ҳар сол ақаллан панҷ китоби бадеӣ  хондани кормандону роҳбарон, ба ташкили китобхонаҳо ташвиқ намудани сарварони зинаҳои гуногуни роҳбарӣ воситаи баланд бардоштани масъулияти роҳбарони зинаҳои гуногун аст. Мутаассифона, дар бисёр ҳолат мушоҳида мекунем, ки роҳбарони  баъзе зинаҳо ба аз рӯйи коғаз хондани матн сахт одат  кардаанд ва баробари сар аз коғаз бардоштан ё ба лаҳҷаю шеваи  хонаводагӣ мегузаранд ва ё гапро гум мекунанд.

“Дониш аз хонишу хониш аз китоб” гуфтаанд. Ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ хеле равшан таъкид кардаанд: “Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош  намояд”.

Солҳои охир чоп шудани китобҳои таърихӣ, бадеӣ барои амалӣ кардани ин дастур шароити мусоид фароҳам овард, аммо дар аксари шаҳру ноҳияҳо ҷойи   мағозаҳои  китобро гирифтани ошхонаю дорухонаҳо, аз мадди назари роҳбарони маҳаллӣ дур мондани ин масъала ташвишовар аст. Аз дастури  Президенти кишвар доир дар маркази шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо кушодани мағозаҳои китобфурӯшӣ беш аз даҳ сол гузашт. Дар вақташ ҳама роҳбарон росту дурӯғ ҳисобот доданд. Тантанаҳо оростанд, бо воситаи телевизион намоишҳо пахш карданд. Баъди муддате боз ҷойи китобро маводи дигар гирифт. Сабаб чист? Ба андешаи мо, мағозаи китобро ба нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва дорухонаю дигар нуқтаҳо баробар донистани андозситонон сабаби аз фаъолият бозмондани ин нуқтаҳо шуд. Ҳамагон медонанд, ки мағозаи китоб ҳеҷ гоҳ он фоидаеро, ки дигар нуқтаҳо меорад, надорад. Баҳонаро ба сифату муҳтавои  китобҳо  бор кардан ҳеҷ гоҳ нашояд. Китобҳои хонданӣ бисёранд, адибони номдори мо асарҳои ҷолиб меофаранд, аммо харидор онҳоро бо осонӣ дастрас карда наметавонад. Соли гузашта нашриёти “Адиб” дар пойтахт ва маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯши сайёри китобҳоро ташкил кард ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шумораи китобхару китобдӯст дар маҳалҳо бисёр аст. Агар дар партави Паёми Пешвои миллат мағозаҳои китобфурӯшӣ, нуқтаҳои савдои маҷаллаю рӯзномаҳо дар маҳалҳо ташкил шавад, андозбандии онҳо ба низом дароварда шавад, нуран  алонур мешуд.

Султонмуроди Одина,

адиб, шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш