Нашрияи Омӯзгор

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 866        Шарҳ: 0

 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ 28 апрели соли 1959 таваллуд шудааст.

М. Имомзода соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм ва то соли 1984 ба ҳайси лаборант ва ходими хурди илмӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Баъди коромӯзӣ дар Институти адабиёти ҷаҳон ба номи Горкий (Москва) ва хатми аспирантура аз соли 1991 то соли 2004 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) муаллим, муовини декани факултаи филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, декани факултаи филология буд. Аз 4 декабри соли 2004 то 28 августи соли 2012 дар вазифаи  ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва аз 29 августи соли 2012 то 24 январи соли 2020 дар вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 24 январи соли равон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири маориф ва илми кишвар таъйин гардид.

М. Имомзода соли 1990 дар мавзӯи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 2002 дар мавзӯи «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Мавсуф фаъолияти пурсамари илмию тадқиқотӣ дорад. Муаллифи асарҳои «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» (2001), «Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ» (2007), «Ҳаким Саноии Ғазнавӣ» (2006, бо ҳаммуаллифӣ), «Сӯзании Самарқандӣ» (2009, бо ҳаммуаллифӣ), «Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон» (2012), «Хирмани андеша» ва ғайра мебошад.

Академик М.Имомзода барои хизматҳои шоистааш дар рушди илму маориф бо ордени «Дӯстӣ» (2011), Ифтихорномаи сарони кишварҳои ИДМ (2011), Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ИДМ (2011), Ифтихорномаи Шӯро оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи ИДМ (2011)  ва ғайра қадрдонӣ шудааст. Соли 2012 бо унвони «Корманди шоистаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия» сарфароз гардидааст. Профессори фахрии Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой (2012) ва Донишгоҳи давлатии лингвистикаи шаҳри Москва (2013) мебошад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш