Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ теъдоди зиёди намояндагони воситаҳои ахбори омма гирд омада буданд, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси онҳо ба ин боргоҳи маърифат ва аз нақши боризи аҳли маориф дар ҷомеаи мо дарак медод.
Ин маврид зикри он нукта ҳам зарур аст, ки солҳои охир нахустин мактаби олии мамлакат ба комёбиҳои бештар ноил гардидаасту аз ҳар нигоҳ пешрав мебошад. Дар донишгоҳ вобаста ба вижагиҳои замони истиқлол факултаву кафедраҳои нави созгор ба талаботи айём, шуъбаву марказҳо, толору озмоишгоҳҳои гуногун таъсис дода шудаанд. Аксари барномаву нақшаҳои таълим бознигарӣ гардидаву китобу дастурҳои таълимии муҳтавоманду навоварона ба нашр расидаанд. Аҳли донишгоҳ пайваста ба он мекӯшанд, ки ҳамқадами замон бошанд ва дар рушду такомули кишвар ҳиссагузорӣ намоянд.
Ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ба аҳли нишаст оид ба ҷабҳаҳои фаъолияти аҳли таълимгоҳ бо далелҳои ҷолиб маълумот ироа намуд. Мавсуф, аз ҷумла, зикр кард, ки дар давоми соли 2019 дар донишгоҳ бо эҳтимоми устодон 2 донишнома, 23 рисола (монография), 53 китоби дарсӣ ва 96 дастури таълимии тозатаълиф ба нашр расонида шуд. Дар бораи комёбиҳои аҳли донишгоҳ дар озмуну сабқатҳои ҷумҳуриявӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо ифтихору қаноатмандӣ иттилоъ дода, нахуст ёдовар аз он шуд, ки шогирдони донишгоҳ дар соли 2019 дар озмуни дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мувофиқ ба 13 соҳаи илм ширкат варзида, ба дарёфти 8 ҷойи ифтихорӣ ва диплому мукофотҳо шарафёб гардиданд. Донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён «Фиристода бояд ки доно бувад» дар байни 38 мактаби олии мамлакат сазовори ҷойи дуюм шуд. Соли гузашта муҳаққиқи ҷавону боистеъдод Фарзона Абдуҷалилзода дар Намоишгоҳи 12-уми байналмилалӣ ва Форуми бонувони ихтироъкор (дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ) бо дастгоҳи офаридааш, ки «Дастгоҳи комплекси офтобӣ барои ҳосил намудани энергияи электрикӣ ва гармӣ» ном дошт, ҷойи сеюмро ишғол кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ гардидани номзади илмҳои химия, дотсент, муовини ректори донишгоҳ Ҷамила Мусоҷонзода яке аз ҳодисаҳои нишотбахш барои аҳли донишгоҳ дар соли сипаригашта буд.
Нишасти матбуотӣ дар заминаи суҳбати озоди рӯзноманигорон бо устодони масъули донишгоҳ идома ёфт ва намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ба суолҳои зиёди худ перомуни паҳлуҳои гуногуни ҳаёти донишгоҳ посухҳои қаноатбахш дарёфтанд.
Ректори донишгоҳ Н.Ғаффорӣ дар хотима иброз дошт, ки барои дар сатҳи дилхоҳ ба роҳ мондани таълиму тарбия ва корҳои дигар дар таълимгоҳ боз ҳам тадбирҳои зиёдеро сомон бояд бахшид. Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки барои такмили фаъолияти аҳли донишгоҳ ва бартарафсозии баъзе камбудиҳо, аз ҷумла, мулоҳизаву танқидҳои рӯзноманигорон мусоидат хоҳанд кард.
А.Муродӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр