Нашрияи Омӯзгор

269 нафар дипломи «Аъло» гирифтанд

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти солонаи муассиса маълумот дода шуд.

-Дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ роҳандозӣ мегардад, донишгоҳ бо 224 хол сазовори ҷойи якум гардид, - гуфт ба рӯзноманигорон муовини ректор оид ба корҳои таълим Тоир Хоҷазода. Вай афзуд, ки дар ин давра аз ҷониби аъзои шӯро  ва роҳбарони илмӣ рисолаи илмии 68 нафар докто-рантони зинаи доктор PhD  ва ҳафт нафар докторони илмии анъанавӣ тасдиқ шуда, хисоботи солонаи 11 нафар докторант шунида шуд.

Муовини ректор Т. Хоҷазода фаъолияти Шӯрои илмию методии донишгоҳро пурсамар арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки Шӯрои мазкур дар ташкили кори самараноки таълим, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон ва таҳияву даст-рас кардани маводи таълимӣ, аз ҷумла, монографияю китобҳои дарсӣ саҳми муносиб дошт. Шӯро дар соли гузашта 68 барномаи таълимӣ, 39 воситаи таълимию дастури методӣ, 12 китоби дарсӣ ва 15 монографияро ба чоп тавсия намудааст.

Чунонки аз маълумоти  муовини ректор маълум гардид, дар 14 факултаи донишгоҳ донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 259 нафарро ташкил медиҳад. Аз онҳо 157 духтар ва 102 писарони шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурианд.

Рӯзноманигорон ба масъалаи робитаҳои хориҷии ДМТ мароқ зоҳир намуданд. Дар ин росто қайд гардид, ки айни замон донишгоҳ бо 283 муассисаи таҳсилоти  касбӣ, муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ  шартномаи  ҳамкорӣ дорад. Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар доираи он  аз рӯйи 11 ихтисоси барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурӣ, омода намудани мутахассисонро ба роҳ мондааст.  Ҳоло дар ДМТ 921 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла, сӣ нафар муҳассилини зинаҳои гуногуни илмӣ, 96 магистр, 772 донишҷӯ ва 23 забономӯз дар маркази омӯзиши забонҳо тахсил менамоянд. Ҳамзамон, донишгоҳ дар соли 2019 бо 22 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону марказҳои илмии хориҷа созишнома ба имзо расондааст. Аз ҷумла, танҳо бо муассисаҳои таҳсилоти  олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сездаҳ созишнома баста шудааст, ки дар асоси он устодону шогирдони муассисаҳои тарафайн ҳамкорӣ менамоянд.

Т. Хоҷазода афзуд, ки соли гузашта до-нишгоҳро 7027 нафар хатм карданд, ки аз онҳо 269 нафар дип-ломи аъло гирифтанд. Номбурда, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои ҷиҳозонидани синфхонаҳою лабораторияҳои фаннӣ, бо асбобҳои хониш баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, нуфузу  эътибори он дар арсаи ҷумҳурӣ ва берун аз он ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш