Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба китоб меафзояд

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

25-уми январи соли равон бо ташаббуси Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор гардид.

Муовини директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Шералиев гуфт, ки шанбеи ҳар ҳафта аз соати 8 то 13 дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китобҳо баргузор мегардад. Намоиши имрӯза сеюмин чорабинии нашриёт аз оғози соли 2020 мебошад, ки дар он алоқамандони китоб аз вазорату кумита, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ иштирок карданд. Дар ин тадбири фарҳангӣ беш аз 155 унвон асарҳои бадеӣ ба фурӯш гузошта шуд.

Роҳбарияти «Адиб» барои таъмини иштироки васеи алоқамандони китоб дар ин ҳамоиш аз ҳама воситаҳои имконпазири иттилоърасонӣ, истифода карданд. Аз ин рӯ, дар намоишгоҳ ба қавле ҷои сӯзанпартоӣ набуд.

Китобҳо дар намоишгоҳ бо нархи арзон пешниҳод гардиданд. Масалан, арзиши 3 ҷилди «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ 45 сомонӣ фурӯхта шуд. Як ҷилд китоб аз силсилаи «Ахтарони адаб» 15-20 сомонӣ муайян гардида буд. Директори нашриёти «Адиб» Давлат Сафар иброз дошт, ки ин нахустин намоиш-фурӯше буд, ки тайи 5 соат теъдоди зиёди китобҳо ба фурӯш рафтанд. Ихлосмандони каломи бадеъ аз ҳама қишрҳои ҷомеа ба ин маъракаи муҳимми фарҳангӣ омаданд.

Барои ихлосмандони шеъру адаб нуктаи дигари ҷолиб ин буд, ки аксари муаллифони китобҳо, аз ҷумла, Гулрухсори Сафӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Кароматуллои Мирзо, Муҳтарам Ҳотам, Гулчеҳра Муҳаммадиева … дар намоиш ҳузур дошта, ба китобҳояшон соядаст мегузоштанд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш