Нашрияи Омӯзгор

Илмат ба амал чу ёр гардад...

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

25-уми майи соли равон дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ семинари илмӣ-амалӣ оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ барои таҳияи мақолаҳои илмӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  баргузор гардид. Дар он беш аз 75 нафар омӯзгори ҷавони муассиса иштирок намуданд. Номзади илмҳои педагогика, дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Саъдулло Носиров ба омӯзгорон роҷеъ ба таҳия намудани мақолаҳои илмӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  суханронӣ кард. Бояд зикр намуд, ки гузаронидани чунин семинарҳо барои баланд бардоштани малака ва қобилияти зеҳнии омӯзгорони ҷавон судманд буда, барои пешрафти корҳои илмии онҳо заминаи хуб фароҳам меорад.   Омӯзгорон ба саволҳои нофаҳмои худ, аз қабили “Кӣ бояд мақола нависад?, Экспертҳо бояд киҳо бошанд?, Мақолаҳои илмиро дар куҷо бояд нашр кард?,  Дар чӣ қадар ҳаҷм чанд нафар ҳаммуаллиф шуда метавонанд?, Фарқи мақолаи илмӣ аз мақолаи методӣ дар чист?, Шумораи адабиёти истифодашуда чӣ қадар бояд бошад?, Дар мақолаи тоҷикӣ навишташуда иқтибосро бо забони русӣ овардан мумкин аст ё не?” ва ғайра ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Н. ЮСУФОВА,

сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи коллеҷи

техникии ДТТ ба номи

академик М.Осимӣ  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш