Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти пурбору ибратбахш

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

 

Абдуқаюм Тоатов яке аз омӯзгорони пуртаҷриба, кордон, хоксору ҳалиму меҳрубон мебошад ва солҳост, ки дар мактаби №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият дорад.

Ин устоди номвар 15-уми январи соли 1943 дар деҳаи Озодагони шаҳри бостонии Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар айёми таҳсил дар мактаби миёна шавқу ҳаваси омӯзгор шудан дар дилаш пайдо мешавад ва аз ин рӯ,  пас аз бо баҳои аъло хатм намудани мактаби деҳа, соли 1961 ба факултаи методикаи таълим дар синфҳои ибтидоии ДДОТ ба номи С.Айнӣ дохил гардида, онро соли 1965 бомуваффақият хатм менамояд. Худи ҳамон сол фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби №14-и деҳаи Чаманбулоқи ноҳияи Ёвон оғоз мекунад...

Баъди адои хизмати ҳарбӣ (соли 1968) фаъолияташро боз дар мактаби мазкур идома медиҳад. Соли 1971 устодро ҳамчун омӯзгори навовару тозакор ба Душанбе, ба мактаби №14-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъват менамоянд. Дар муассисаи мазкур солҳои 1971-1996 ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба кор мепардозад. Аз соли 1996 то ба имрӯз дар мактаби №34-и ноҳияи мазкур фаъолият дорад.

Ин омӯзгори варзида дорандаи нишони “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” буда, бо як қатор ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардидааст.

Абдуқаюм Тоатов дар байни ҳамкасбон обрӯю эътибори баланд дорад, ба омӯзгорони ҷавон ёрии методӣ расонида, ба онҳо роҳҳои татбиқи усулҳои пешқадами дарсро меомӯзонад. Умуман, барои тамоми омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ маслиҳатгари ҳамешагист. Мақолаҳои пурмуҳтавои номбурда, аз ҷумла, “Таҳлили ҷумла дар синфҳои ибтидоӣ”, “Бозиҳои математикӣ” манбаи омӯзишу ибратпазирии доираи васеи омӯзгорон гардидаанд.

Мавсуф дарсҳои хешро ҳамеша ҳадафнок, шавқовар ва дар сатҳи баланд мегузаронад, нисбат ба хонандагон сахтгиру серталаб, ҳамзамон, ҳалиму меҳрубон мебошад. Суҳбати озод бо хонандагонро меписандад. Ба хонандагони сустхон пайваста дарсҳои илова ташкил мекунад.

Тоатов зимни суҳбате қайд кард: “Ба қавли А.В.Луначарский, муаллим ин муҳандиси рӯҳи инсон аст, бинобар ин, мо, омӯзгорон, дар таълиму тарбияи насли наврас ҳаққи хато карданро надорем, зеро ҷомеаи пойдору устувор танҳо дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ба вуҷуд меояд”. Ин гуна суханро оне ҷонибдорӣ мекунад, ки воқеан ҳам, фидоии соҳаи маориф, дилсӯзи халқу Ватани азизи хеш аст...

Ба устоди арҷманд Абдуқаюм Тоатов идомаи боз ҳам самарбори фаъолият ва комёбиҳои навин таманно дорем.

Маҳкамбой ҲАМДАМОВ,

омӯзгори мактаби №34-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш