Нашрияи Омӯзгор

Баракати умр

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Махмалӣ Гулов ҳанӯз дар овони мактабхонӣ дар оянда муаллим шуданро орзу мекард. Бо ҳамин орзую ният баъди хатми мактаби деҳааш ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи  биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) супорид.

Соли 1983 факултаи номбурдаро бо дипломи «аъло» хатм намуд. Раёсати донишгоҳ  М.Гуловро барои давом додани фаъолияти  илмию эҷодӣ  ба Институти зоология ва паразитологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат дод. Дар институти номбурда ӯ ду сол фаъолият намуд. М.Гулов соли 1985 бо ихтисоси биохимия ба аспирантураи назди Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 1987 ӯро ба муддати тулонӣ ба сафари хидматӣ ба Институти генетикаи молекулавии АИ собиқ ИҶШС сафарбар  карданд.  Ӯ рисолаи номзадиашро соли 1990 сарбаландона дифоъ кард. Дар солҳои 1990-1991 дар Институти физиологияи растанӣ ва генетика ба сифати корманди хурди илмӣ фаъолият намуд. Дар он давра дар баробари кори илмӣ иҷрои вазифаи раиси олимони ҷавони институтро ба уҳда  дошт ва фаъолияти онро  дар ҳамон давраи бениҳоят вазнин тақвият бахшид. М.Гулов айни замон узви ҷамъияти физиологҳои растании Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ӯ аз сентябри соли 1991 то ба имрӯз дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият дорад. Дар донишгоҳ корро аз вазифаи ассистенти кафедра оғоз намуда, то ба дараҷаи дотсенти кафедра расидааст. Устод дар арафаи ҳимояи рисолаи докториаш, ки қисми таҷрибавии онро сарбаландона дар озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растании  Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ анҷом додааст, қарор дорад.

Фаъолияти илмии устод гуногунҷабҳа мебошад. Мавзӯи рисолаи доктории муҳаққиқи заҳматписанд омӯзиши фаъолнокии ферментҳои аниоксидантии навъҳои гуногуни растании картошка ва  маҳсулнокии намудҳои  гуногуни картошка дар шароити номусоиди иқлими Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки дар оянда барои таъмини амнияти озуқавории аз ҷиҳати экологии бехатари аҳолии Тоҷикистон кумак мерасонад.

Устоди пурмаҳсул дар тӯли фаъолияти хеш зиёда аз 140 мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ ба табъ расонидааст. Ҳаммуаллифи китоби «Феҳрасти намудҳо ва намунаи авлоди эгилопсис, ки аз минтақаҳои гуногуни экологӣ-географии Тоҷикистон ҷамъоварӣ намудаанд» аст, ки он бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба нашр расидааст. Ғайр аз ин, саҳми ӯ дар корҳои таълимӣ ва методии кафедра назаррас аст. Ӯ  ҳаммуаллифи 30 дастури методӣ мебошад, ки  бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ чоп шудаанд.

М.Гулов инсони ҳалим, хоксор, зиндадилу меҳрубон  ва дорои фарҳанги баланд мебошад. 

Хидматҳои устод М.Гулов бо ифтихорномаҳо ва бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

Ба устод М.Гулов аз номи кулли ҳамкорону дӯстону шогирдон саломатии бардавом, дар корҳои таълимӣ ва илмию эҷодиашон  муваффақиятҳои ҳамешагӣ  таманно дорем. 

Б.Ҷумъаев,

узви вобастаи АИ ҶТ,

доктори илмҳои

биологӣ, профессор,

Қ.Партоев,

доктори илмҳои кишоварзӣ,

З.ДаВлатназарова,

номзади илмҳои биологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш