Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ гарави комёбист

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир чун дар тамоми ҷумҳурӣ соҳаи маориф дар ноҳияи Рӯдакӣ пайваста рушд меёбад. Аҳли маорифи ноҳия бар он мекӯшанд, ки пеш аз ҳама, сатҳи таълиму тарбияро давра ба давра боло баранд ва бо ин ҳадаф бештар аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияҳои муосир истифода намоянд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 115-и ноҳияи Рӯдакӣ яке аз таълимгоҳҳои муваффақу пешрави ин ноҳия мебошад ва дар такмили таҳсилоти шогирдон комёбиҳои назаррас дорад. Бисёр конфронсу маҳфилҳову ҳамоишҳои аҳли маорифи ноҳия дар ҳамин таълимгоҳ баргузор мешаванд. Ин ҷо як гурӯҳ (61 нафар) омӯзгорони варзидаву соҳибистеъдод гирд омадаанд ва яке аз ҷанбаҳои  муҳими фаъолияташон табодули таҷриба ва машварату маслиҳати ҳамешагӣ баҳри такмили ҷараёни таълиму тарбия мебошад. Онҳо ҳамарӯза байни ҳам оид ба навгониҳои соҳа, падидаву иттилооти тозаи илму фарҳанг,  мазмуну муҳтавои китобҳои нав, комёбиҳои ин ё он омӯзгори ноҳия, мақолаву гузоришоти ҷолиби нашрияҳо ва  амсоли инҳо суҳбату баҳсҳо меороянд ва агар зарур донанд, вобаста ба масъалаҳое, ки аз ин баҳсҳо ба миён меояду мубрам аст, баргузор намудани семинар ё маҳфилеро ба нақша мегиранд. Омӯзгорон дар ҳалли мушкилоти якдигар ҳам дар мактаб ва ҳам берун аз он мусоидат мекунанд ва дар умум, мекӯшанд, ки ҳар рӯзашон дар таълимгоҳ пурмуҳтавою судманду рангину ҷолиб бошад.

Чунин ба назар мерасад, ки аҳли ин муассисаи таълимӣ ин шоҳбайти Аттори бузургворро чун шиори фаъолият пазируфтаанд:

Ҳар кӣ ӯ бо дӯстон якдил бувад,

Ҷумла мақсуди дилаш ҳосил

бувад.

Албатта, дар ҳар коргоҳу муассиса низому мароми кор ва сатҳи фаъолияти кормандон аз роҳбари он вобастагии ҷиддӣ дорад. Соли чорум аст, ки мактаби №115-и ноҳияи Рӯдакиро омӯзгори варзидаву кордон Насуҳуддин Насриддинов роҳбарӣ мекунад. Ӯ дар соҳаи маориф собиқаи беш аз сисола дорад ва дар ин давра таҷрибаи кофӣ андухтаву маҳорату истеъдодашро сайқал бахшидааст. Ин омӯзгори иродатманд соли 1988 шуъбаи суруд ва мусиқии факултаи педагогии ДДОТ ба номи С.Айниро хатм бинмудаву ҳамчун омӯзгор ба фаъолият пардохтааст. Пас аз соҳибмаҳорату таҷрибаандухта гаштаи муддате чанд дар мактаби рақами 90 ва дар таълимгоҳи рақами 19-и шаҳри Душанбе ҳамчун директор кор кардаву ба комёбиҳои шоиста ноил гардидааст. Бо ҳадафи ба даст овардани тахассуси дуюм ва вусъат бахшидани доираи донишу истеъдодаш соли 2001 донишҷӯи ғоибхони факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ мешавад. Н.Насриддинов соле чанд дар раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ба сифати сармутахассис кор карда, аз  шебу фарози соҳаи маориф дар ин ноҳия огаҳии комил дарёфтааст, ки ин барои ҳамчун директори мактаб бомуваффақият фаъолият бинмудан дар ин ноҳия ба ӯ заминаи хубе гаштааст. Ин роҳбари хушсалиқа ба устодон мададгору раҳнамои боэътимод аст ва пайваста таъкид мекунад, ки вазифаи асосии ҳар як омӯзгор таълиму тарбияи шогирдони босаводу боадаб аст ва  хонандагони мо имрӯз бояд ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва хуб азхуд кардани технологияи муосир ҷидду ҷаҳд намояд.

Н.Насриддинов ба ободонии мактаб ва такмили шароити таҳсили хонандагон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дорад. Бояд гуфт, ки бинои мактаби №115 солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфтааст. Охири солҳои 80-ум бунёди бинои нави мактабро ба нақша гирифтанд, вале бо  пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин тадбир амалӣ нагашт. Бо ташаббусу роҳбарии директори мактаб Н.Насриддинов соли 2018 дар назди таълимгоҳ ду синфхонаи нав қомат рост кард. Соли гузашта  барои бунёди боз чор синфхонаи нав (бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва волидони хонандагон) корҳо оғоз ёфтанд ва ҳоло идома доранд. Бо ба итмом расидани ин сохтмон (дар назар аст, ки то ҷашни Наврӯз синфхонаҳо ба истифода дода шаванд) шароити таҳсили 1911 нафар хонандаи мактаб боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

-Вақте ки шароити таҳсили хонандагону фаъолияти устодон беҳтар шуд, бароямон имкон фароҳам меояд, ки вобаста ба такмили сатҳи таълиму тарбияи  шогирдон боз як силсила тадбирҳои муҳиму самароварро дар амал татбиқ намоем,- мегӯяд директори муассисаи таълимӣ Н.Насриддинов.

Пироншоҳи Саидаҳмад,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш