Нашрияи Омӯзгор

«Муҳаббатриштаҳо»

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Имомназари Холназар солҳои зиёде дар мактаби №5-и ноҳияи Айнӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият намуда, баъдан дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгори калон ва мудири кафедра машғул аст ва муаллифи якчанд дастуру роҳнамои таълимӣ мебошад. Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ-оммавии мавсуф бо номи «Афкори рангин» (соли 2018) дар байни алоқамандони илму адаб ҳамовозии гарму ҷӯшон ба вуҷуд овард. Инак, маҷмӯаи  шеърҳои Имомназари Холназар таҳти унвони «Муҳаббатриштаҳо» аз чоп баромад, ки зиёда аз 100 шеърро дар бар гирифтааст. Ба дафтари ашъори И.Холназар муҳаққиқ ва шоир Равшани Ҳамроҳ пешгуфтор навишта, вижагиҳои шеъргунаҳои навсафари роҳи эҷодро муайяну мушаххас намудааст. Шеърҳои И.Холназар асосан дар мавзӯи сулҳу амният, васфу ситоиши хидматҳои Пешвои миллат, пешравию музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносию меҳандӯстӣ суруда шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар маҷмӯа рубоию дубайтиҳои шоир низ ҷой дода шудаанд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш