Нашрияи Омӯзгор

Ғизои солими мактабӣ: аз таҷрибаи давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Мински ҷумҳурии Беларус семинари минтақавии «Муттаҳидсозии равишҳои хӯрокворӣ ва ғизо дар мактабҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» бо иштироки мутахассисон ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ аз бисту панҷ давлат ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.

Норасоии ғизо яке аз масъалаҳои ниҳоят ҷиддии глобалии саломатӣ мебошад, ки айни замон ба он аҳамияти кам дода мешавад. Хисороти иқтисодӣ, зарар ба саломатӣ ва талафоти ҳаёти одамон хеле зиёд буда, он аксар вақт ба оилаҳои камбизоат ва занону кӯдакон таъсир мерасонад. Норасоии ғизо якҷо бо бемориҳои сироятии такроршаванда ҳар сол боиси фавти тақрибан 3,5 миллион модару кӯдак мешавад. Ғайр аз ин, чунин ҳолат сабабгори талафоти зиёди иқтисодӣ ва инсонӣ барои рушди миллат мегардад. Умуман, номуносибии ғизои модарон ва кӯдакон сабаби асосии  бемориҳои кӯдакони аз панҷсола хурд мегардад. Ғизои носолим, сатҳи пасти фаъолияти ҷисмонии кӯдакон ва калонсолон метавонад саломатӣ ва некуаҳволии онҳо, инчунин, сармояи инсонӣ ва рушди мамлакатро ба хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ созад.

Намудҳои нисбатан паҳншудаи норасоии микроэлементҳо, ин камхунӣ мебошад, ки асосан бо норасоии оҳан вобаста буда, хатари бо вазни кам таваллуд шудани кӯдаконро зиёд мекунад, инкишофи ҷисмониро суст мегардонад ва метавонад сабабгори фавти 19 дар сади кӯдакон ҳангоми таваллуд гардад.

Ба таҷрибаи имрӯзаи давлатҳо такя намуда, таҷрибаҳои инноватсионӣ дар ин самт барои оянда ба эътибор гирифта бояд шавад. Семинар ба чор масълаи мубрам: 1). Офаридани шароити мусоид ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ. 2). Маълумотнокӣ ва таълим оид ба ғизои солим. 3). Таҳияи маҳсулоти ғизоӣ ва ғизои солими мактабӣ. 4).Муносибати фарогир ба харид, занҷирҳои  истеҳсолӣ ва таъминот бахшида шуда буд. Ба ин омилҳо як омили дигар,  ҳамоҳангсозӣ байни ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ илова мегардад.

Дар чорабинии мазкур дастовардҳои давлатҳои гуногун ва таҷрибаҳои инноватсионии онҳо дар самти беҳтар намудани  таҳия ғизоӣ солим, хусусан, барои мактабиён муаррифӣ шуданд. Намояндагони  Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар такмили ғизои мактабӣ” баромад намуданд. Таҷрибаи давлатҳои минтақа нишон медиҳад, ки аллакай давлатҳои алоҳида барои ғизои ҳамаи хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ кор карда истодаанд. Аз ҷумла, дар Федератсияи Россия  барномаи махсус - “Шири мактабӣ” чордаҳ сол инҷониб амал менамояд, ки солҳои 2005-2018 чордаҳ миллион баҳрабарандаро фаро гириф-тааст.

Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳу-рии Тоҷикистон «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ барои давраи то соли 2027» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри  соли 2017, №456 қабул гардидааст, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани стратегияи мазкур аз 25 банд иборат мебошад. Иҷроиши банди 22-и он “Таҳия кардани пешниҳодҳо оид ба меъёрҳои маблағгузории ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва индексатсияи онҳо дар доираи меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ” маҳсуб меёбад. 

Таҳия ва қабули Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1999 оғоз гардида, то ин дам идома дорад. Дар соли 2019 Барномаи мазкур 52 ноҳияро дар бар гирифта, шумораи умумии баҳрабардорон 410,513 нафарро ташкил медиҳад. (Аз ҷумла, 197,661 духтар ва 206,925 писарон) Аз тарафи барномаи мазкур ва шарики техникии он - Институти ғизои соҳавии Федератсияи Россия соли 2019 “Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ” (нашри дуюми он) аз чоп баромад ва дастраси мактабҳо гардид.

Семинари мазкур бо дарна-зардошти амалӣ намудани бандҳои “Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” иҷрои чунин вазифаҳоро ҳатмӣ мешуморад:

1.Ташкил намудани шуъбаи ғизои мактабӣ дар Вазорати маориф ва илм бо .ҷалби донорҳо ва шарикони рушд ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид.

2.Ҷудо намудани маблағ аз буҷети давлатӣ барои ташкили ғизои мактабӣ. Дар ҷумҳурӣ Барномаи ғизои мактабӣ аз соли 1999 қабул  гардида бошад ҳам, танҳо аз тарафи Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ва Ассотсиатсияи падару модарон амал намуда, аз тарафи буҷети давлатӣ маблағгузорӣ намешавад.

3.Ҷалби Ассотсиатсияи падару модарон барои гузоштани саҳми худ дар ғизои мактабӣ имрӯз назаррас мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аллакай дар кишвар назари волидайн нисбат ба ин масъала тағйир ёфтааст ва имрӯз онҳо барои таъмини ғизои мактабӣ саҳми худро дар шакли дастгирии молиявӣ ва тариқи пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ мегузоранд.

4.Ташкили гармхонаҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имкон медиҳад, ки сабзавот ва маҳсулоти тару тозаи дар гармхона парваришёфта барои тайёр кардани хӯришҳои серғизо бо мақсади беҳтар гардонидани ғизобахшии хӯрок мусоидат намояд. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳосили изофаро метавонанд дар бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш бароранд, ё ин ки ба мактабҳои дигар ройгон диҳанд. Маблағи аз фурӯши сабзавот ба даст овардашуда, ҳамчунин, манбаи иловагии маблағгузорӣ барои беҳбудии минбаъдаи ғизои мактабӣ мебошад.

5.Вобаста ба иҷрои банди 22-и нақша - чорабиниҳои  «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027»  бояд аз ҳисобӣ буҷети давлатӣ аз соли 2020 маблағгузорӣ барои ғизои мактабӣ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ оғоз гардад.

 

Б. Музаффаров,

сардори раёсати

иқтисод, банақшагирӣ

дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш