Нашрияи Омӯзгор

Забондонӣ вусъатбахши фаъолият аст

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

 

Маълум, ки ҳеҷ забоне дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Забонҳо дар раванди такомули худ аз дастовардҳои якдигар истифода мебаранд, дар рушди ҳам мусоидат мекунанд.

Забони адабии имрӯзаи тоҷик низ, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, аз ин ҷиҳат истисно нест.

Агар ба таърихи забонҳо нигарем, мебинем, ки онҳо дар давоми асрҳо дигаргуниҳои зиёдеро дучор шудаанд.

Забони тоҷикӣ вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ бо забонҳои оилаи туркӣ (ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва ғ.) ва вобаста ба вазъи сиёсӣ бо забонҳои арабӣ, юнонӣ, русӣ… алоқаи муайян пайдо намудааст.

Азбаски дар замони Шӯравӣ забони русӣ дар Тоҷикистон мавқеи махсус дошту ҳуҷҷатнигорӣ бо ин забон сурат мегирифт, калимаҳои зиёди забони русӣ ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ  дохил гардиданд. Ворид шудани калимаҳои русӣ ба забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳо дахл дорад. Он дар нутқи гуфтугӯӣ бештар ба мушоҳида мерасад. То замони истиқлолият қариб дар тамоми соҳаҳо китобу дастурҳо ба забони русӣ таълиф гардидаанд. Омӯхтани забони русӣ барои мардуми тоҷик имрӯз ҳам зарур аст. Мо ифтихор аз он дорем, ки ҷавонони мо бо ин забон ҳарф зада, дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Дар замони мо, ки як хусусияташ ҷаҳонишавист, муаррифии дастовардҳои давлату миллат танҳо дар ҳамбастагӣ бо дигар мамолики дунё имконпазир мешавад. Ин омил бо донистани забони хориҷӣ, махсусан, забонҳои ҷаҳонӣ, аз қабили англисӣ, олмонӣ, чинӣ, арабӣ ва русӣ ба даст меояд. Нақши забони русӣ дар ин раванд боризтар аст, зеро дар инкишофи илму фарҳанги беш аз садсолаи тоҷик ин забон такони ҷиддӣ бахшидааст. Имрӯз низ забони русӣ воситаи асосии муомилоти Тоҷикистон бо мамлакатҳои дигар маҳсуб меёбад.

Дар ҳақиқат, амиқ донистану самимона эҳтиром намудани забони модарӣ шарафу ифтихор аст ва заминаи боэътимодест барои омӯхтани забонҳои дигар.

Забон васлгари дирӯзу имрӯзу фардои миллат ва дар як вақт пайвандгари он бо ҷаҳон аст.

Изолат Латифова,

омӯзгори забони русии мактаби №1-и ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш