Нашрияи Омӯзгор

Тағйири эталонҳои метрикӣ баъди 130 сол

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

20 майи соли гузашта муқаррароти нави муайянкунии воҳидҳои асосии системаи ченак амалӣ гардид.

Шурӯъ аз ин рӯз ҳафт воҳиди асосӣ: метр, ампер, келвин, кандела, сония, мол ва килограмм ба константаи фундаменталии физикӣ – доимии Планк, заряди электрикии элементарӣ, доимии Болтсман ва доимии Авогадро пайваст шуданд.

Килограмм яке аз воҳидҳое мебошад, ки зарурияти гузаштан аз системаи куҳна ба системаи навро тақозо мекунад.

 Аз соли 1989 эталони килограмм силиндри баландиаш 39 мм ва қутраш 39 мм ба ҳисоб меравад, ки аз 90% платина ва 10% иридий тайёр шудааст. Ин килограмм каме дуртар аз Париж нигоҳ дошта мешавад ва ҳамчун стандарт ҳисобида шудааст. Инчунин, нусхаҳои аниқи расмии он низ вуҷуд доранд, ки дар бисёр мамлакатҳои дунё нигоҳ дошта мешаванд.

Аз рӯйи ақидаи олимон, эталони аз гудозаи платинӣ-иридиевӣ як қисми атомҳои худро бебозгашт ва дар паи он аниқияти худро гум кардааст. Дар муддати 100 соли муқоисаи он бо нусхаҳояш фарқияти афзуншаванда дар миқдори 50 микрограмм ҳосил шудааст, ки тақрибан ба вазни боли пашша баробар аст. Ин нишондод он қадар  зиёд ҳам набошад, фарқият баръало муайян мебошад.  Аз ин рӯ, дар соли 2018 дар конфронси Бюрои байналмилалии ченак ва вазн қарор оид ба азнавмуайянкунии эталони килограмм қабул карда шуд. Барои муайянсозии эталони нави килограмм экспертҳои  Бюрои байналмилалии ченак ва вазн моҳи ноябри соли 2018 ба қароре омаданд, ки доимии Планк ва бузургии эффекти электромагнитиро истифода баранд. Барои муайян кардани нишондоди рақамии доимии Планк ду таҷриба –эксперименти гуногун гузаронида шуда буд. Моҳияти яке аз он таҷрибаро чунин  баробарсозии вазн бо қувваи электромагнитӣ  ташкил медод, ки объекти баркашшаванда шино кунад.Эффекти электромагнитӣ дар навбати худ ба доимии Планк оварда мерасонад.Ченкуниҳои мутобиқ дар Донишкадаи миллии стандарт ва технология дар ИМА роҳандозӣ карда шуда буданд.

Дар дигар эксперимент кураҳо аз кремний бо изотопи 28Si истифода бурда шуданд. Аз монокристалли тозаи кремний дар Донишкадаи парвариши кристаллҳои Берлин кураҳои ба таври идеалӣ гирд бо қутри 93,7 мм тарошида шуданд. Кремний аз он ҷиҳат мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он суръати гумшавии атомҳо хеле ҳам хуб муайян мешавад. Аз ин рӯ, олимон тасмими созмон додани эталони кремнийро гирифтанд ва дар натиҷа, кристалли бо тозагии 99,994% - ро ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, ҳарду таҷриба қариб натиҷаҳои якхела доданд ва олимон роҳи аз нав муайян кунии килограммро дар асоси доимии Планк пеш гирифтанд.

- Барои шаҳрвандон чизе тағйир намеёбад, барои онҳо 20 май мисли рӯзхои пештар хоҳад буд, - мегӯяд олими Донишкадаи физикӣ-техникии Брауншвейг Дженс Саймон (Олмон). Барои илм ва технологияҳои олӣ бошад, ин қадам як ғалабаи бузург хоҳад буд.

Ёдгорбии Сафаралӣ,

омӯзгори кафедраи

физикаи тиббии коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш