Нашрияи Омӯзгор

«Сели рӯшноӣ» дар синфи 9

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Вобаста ба усули муносибати босалоҳият ба таълим дар синфи 9 аз дарси физика барои беҳтар намудани донишу малакаи хонандагон аз машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ истифода мебарем.

Айни ҳол мехоҳем нақшаи яксоатаи дарсиро мувофиқи талаботи муносибати салоҳиятнокӣ пешниҳод намоем.

Мавзӯъ: Сели рӯшноӣ. Қувваи рӯшноӣ.

Хонандагон бояд донанд:

-фотометрия;

-сели рӯшноӣ;

_ формулаи сели рӯшноӣ;

- сели пурраи рӯшноӣ;

-қувваи рӯшноӣ;

-кунҷи фазоӣ;

- формулаи қувваи рӯшноӣ;

-воҳиди қувваи рӯшноӣ –кандела;

- воҳиди сели рӯшноӣ.

Нурҳои рӯшноӣ ва манбаи рӯшноӣ ба  фазои  атроф энергияи рӯшноиро паҳн менамоянд. Ба таъсири рӯшноӣ аз рӯйи энергияи он баҳо дода мешавад. Яке аз қисмҳои оптика, ки усулҳои ченкунии энергияи  нурафканиро меомӯзад, фотометрия номида мешавад.

Миқдори энергияи рӯшноие, ки ягон манбаъ дар воҳиди вақт ба ҳама самтҳо мебарорад, сели комили рӯшноии манбаъ номида мешавад.

Барои тавсифи манбаъҳои рӯшноӣ аз бузургиҳои дигари фотометрӣ, қувваи рӯшноӣ истифода бурда мешавад. Дар атрофи манбаи нуқтагии рӯшноӣ сатҳи куравии радиусаш  R –ро мекашем. Дар дохили ин кура конусеро  ҷудо менамоем, ки қуллаи он дар маркази кура ҷойгир бошад ва асоси он дар сатҳи кура масоҳати S– ро ишғол намояд.

Барои санҷиши дараҷаи азхудкунии хонандагон ва мустаҳкамкунии дарс омӯзгор ба хонандагон чунин  саволҳо медиҳад:

1. Фотометрия гуфта кадом қисми оптикаро меноманд?

2. Сели рӯшноӣ гуфта, чиро меноманд ва он чиро тавсиф менамояд?

3. Сели комил манбаи рӯшноӣ гуфта, чиро меноманд?

4. Кунҷи фазоӣ чист?

5. Қувваи рӯшноии манбаъ гуфта, чиро меноманд ва он бо кадом формула ифода карда мешавад?

6. Кандела чӣ гуна қувваи рӯшноӣ мебошад?

7. Аюмен гуфта, чиро меноманд?

8. Санҷиши салоҳияти коммуникативӣ

Ба мақсади санҷиши салоҳияти коммуникативӣ хонандагони алоҳида доир ба мавзӯи нав маълумот медиҳанд.

 

Азизулло Абдулҳаев,

омӯзгори физика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш