Нашрияи Омӯзгор

Луғат дар ашъори Сино

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Барои дуруст ва саҳеҳ баён кардани  мақсад, чи хаттӣ ва чи даҳонӣ, пеш аз ҳама, маънии аслии калимаро хуб донистан мебояд.

Аз ҳамин сабаб, ба омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик лозим аст, ки ба тозагии забони шогирдон ҳамеша диққат диҳанд. Барои ба ин мақсад расидан луғатомӯзиро дар дарсҳои забону адабиёт беҳтар кардан лозим аст. Мехоҳам ҳамчун омӯзгори забону адабиёт дар бораи гузаронидани як соат дарси луғатомӯзӣ дар синфи VIII изҳори назар кунам.

Дар ин синф мувофиқи барномаи таълим барои боби «Абӯалӣ ибни Сино» ду соат вақт ҷудо карда шудааст, ки хеле кам аст. Ман дар ду соат дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино ба хонандагон маълумоти комил дода наметавонам, бинобар ин, як соат аз ҳисоби такрори мавзӯъҳои гузашта зиёд кардам. Дарси сеюми ин бобро бо мақсади мустаҳкамкунии дониши хонандагон доир ба ҷиҳатҳои маъноии калима ҳамчун дарси  амалӣ истифода мебарам. Ҳикояеро дар бораи луғатдонии Абӯалӣ ибни Сино меорам. Боре дар ҳузури Алоуддавла сухан дар бораи луғати араб мерафт  ва Сино дар он бора ба қадри вуқуфи худ сухан мекард. Абӯмансури Ҷаббон, ки яке аз донишмандони Исфаҳон буд, дар он маҷлис ба Абӯалӣ гуфт:

-Шумо дар луғатнависӣ кор накардаед…

Абӯалиро ин сухан гарон омад.

Дар ин бора  Абӯубайди Фақеҳ менависад. Ибни Сино се сол бо китобҳои луғат ба адабиёти араб машғулӣ кард.

Баъд аз он Сино дар луғат бо номи «Лисон-ул-араб» китобе таълиф кард дар 10 ҷилд, аммо пештар аз покнависӣ кардани он вафот кард. Дигар касе он китобро табъиз карда, ба тартиб андохта натавонист.

Аз шогирдон ҳангоми пурсиши вазифаи хонагӣ азёд хондани рубоиёти Синоро талаб мекунам. Баъд ба дарси нав мепардозам.

Дар рӯйи асбоби аёнӣ якчанд калима бо ранги сурх ва шарҳи онҳо бо ранги сиёҳ навишта шудааст:

Муқбил-хушбахт, соҳибиқбол.

Қаър-чуқурӣ, зери замин.

Зуҳал-номи як ситора.

Газоф-дар ин ҷо ба маънии ҳазл.

Даҳр-дунё.

Таъкид мекунам, ки барои донистани маънои калимаҳо ба луғатҳои тафсирӣ муроҷиат кардан лозим аст. Пас як ғазали ширро, ки бо байти

«Ғизои рӯҳ бувад бодаи раҳиқ, алҳақ,

Ки рангу бӯш занад ранги бӯи гулро дақ», -оғоз меёбад, ифоданок хонда, аз шогирдон хоҳиш мекунам, ки калимаҳои барояшон нофаҳморо дар дафтарашон нависанд. Баъдан ба хонандагон мегӯям, ки калимаҳои барояшон нофаҳморо номбар кунанд. Ҳамаи калимаҳоеро, ки хонандагон номбар карданд, дар тахтаи синф навишта, шарҳ медиҳам:

Раҳиқ-шароби соф ва холис.

Алҳақ-рост.

Дақ-дар ин ҷо ба маънои зарба.

Муфид – фоиданок.

Ботил-бекора ва беҳуда.

Мулҳақ –ба чизе пайвандшуда.

Дар охири дарс ба хонандагон супориш медиҳам, ки маънои калимаҳои душворфаҳмро ба хотир гиранд.

 

Сайвалӣ Шерализода,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш