Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи равонии кӯдак

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар тарбияи равонии кӯдак  қоидаҳое мавҷуданд, ки раванди онро ба низом медароранд. Зинаи нахуст меҳру муҳаббати волидон аст. Зеро дар илми равоншиносӣ собит шудааст, ки набудани меҳру муҳаббати падару модар дар фарзанд оқибат мушкилиҳо ва осебҳои равонию ҷисмиро ба вуҷуд меорад.

Ҳар гуна камбудиву ҷурме, ки дар кӯдак падару модар мебинанд, бояд на ба таври сарзаниш, балки бо рафтору гуфтори наку дар ислоҳи он кумак намоянд.  Кӯдак бояд эътимодеро, ки падару модар дар ҳеҷ сурат аз ман рӯй намегардонанд, дар худ дошта бошад. Ин ҳолат дар он оилаҳое мушоҳида мешавад, ки падару модар зиндагии хуб доранд.  Агар дар хонавода волидон якдигарро дӯст доранд ва ба якдигар эҳтиром дошта  бошанд, дӯстдории онҳо ба фарзанд зиёд аст.  

Агар фарзанд ба ин натиҷа бирасад, ки аз пуштибонии волидайнам маҳрум ҳаст, барои ӯ даҳшат аст. Ба таъкиди равоншиносон, дар ин ҳолат кӯдак метавонад афсурда гардад ва оқибат ба бемориҳои равонӣ  мубтало шавад.

Ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ вақт  набояд кӯдакро тарсонд. Падару модароне ҳастанд, ки ба сабаби  гӯш накардани кӯдаконашон, онҳоро бо ҳар роҳ тарсондан мехоҳанд. Масалан, агар хомӯш наистӣ, гург омада туро мехӯрад; ба мушхона мебарам, мушҳо туро мегазанд. Ин образ дар фикри кӯдак сабт мешавад ва ӯ бо тарс ба камол мерасад.

Волидон бояд бо ҳар василае ҷаҳонбинии кӯдакро  васеъ намоянд. Барои ин волидон метавонанд кӯдаконро бо китобҳои ба синну солашон мувофиқ таъмин кунанд. Дар тарбияи кӯдак эҳтиёткор бояд буд, зеро тифлон мисли варақи сафеданду мо дар онҳо нақшрезӣ мекунем, зеро  ҳар гунае, ки мо тарбия намоем, натиҷа он хоҳад шуд.

 

Таҳияи

Лазон Баёзова,

омӯзгор-мураббӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш