Нашрияи Омӯзгор

Ташхиси ҳуқуқии 105 лоиҳа

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори он Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ба хабарнигорон оид ба  ҷамъбасти фаъолияти марказ дар соли 2019 иттилоъ дода, қайд намуд, ки дар ин давра марказ 105 лоиҳаи асноди меъёрии ҳуқуқиро аз ташхиси ҳуқуқӣ гузаронида, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан ва мукаммалу мушаххас гардондани механизми татбиқи он 932 таклиф пешниҳод кардааст. Ҳамчунин, марказ 18 санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкориро ҷиҳати фарогир  будани онҳо ба таҳлили таъсири танзимкунӣ, мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод намуд. Бахусус, ба лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷумҳурӣ «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва ғайра. Дар самти таҳияи лоиҳаи асноди меъёрии ҳуқуқӣ марказ давоми соли сипаришуда 8 лоиҳаи қонунро таҳия намуд, ки дар муҳокимаю баррасӣ қарор доранд. Дар соли гузашта 9 тафсири илмию амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ омода ва нашр гардид. Бахусус, тафсирҳои «Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои ҶТ «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», тафсирҳои илмию амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ,» «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» таҳия гардида, дар арафаи нашр қарор доранд. Сомонаи нави марказ бо се забон дар се суроға фаъолият дорад. Дар як моҳи охир аз сомонаи мазкур 140000 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода карда, қонунҳо ва дигар маводи ҳуқуқиро дастрас намуданд. Таъсиси китобхонаи электронии ҳуқуқӣ ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ самти дигари фаъолияти марказ буда, дар сомона 1332 номгӯи адабиёти илмӣ ва ҳуқуқӣ ҷойгир карда шудааст. Китобхонаи марказ дорои 2000 нусха китоб ва адабиёти ҳуқуқӣ мебошад. Соли 2019 ба марказ 202 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври  хаттӣ, шифоҳӣ, электронӣ ва телефонӣ ворид гардид ва ба муаллифон ҷавобҳои мушаххас ирсол карда шуд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш