Нашрияи Омӯзгор

Химия ва рушди саноат

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҷиҳати  тавсияи тафаккури техникаи насли наврас солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф» эълон намуданд.

Таълими химия дар муассисаҳои таълимӣ, ки равияашон умумӣ мебошад, аз синфи 8 ҳафтае 2 соат, синфи 9 ҳафтае 2 соат, синфи 10 ҳафтае 2 соат ва синфи 11 ҳафтае 3 соат ба хонандагон омӯзонида мешавад, ки ин барои мустаҳкам намудани савияи дониши хонандагон аз фанни мазкур басанда нест.

Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши фанни химия аз синфи 7 оғоз мегардид. Зеро дар синфи 7-ум хонандагон аз алифбои фанни химия, донистани элементҳои химиявӣ, аломат ва навиштани формулаҳои химиявӣ, инчунин, таснифи реаксияҳои химиявӣ шурӯъ мекунанд, ки ин донишазхудкунии хонандагонро нисбат ба ин фан зиёд мегардонад.

Мутаассифона, дар муассисаҳои таълимии кишварамон норасоии маводи химиявӣ, реактивҳо барои гузаронидани таҷрибаҳои лабораторӣ дида мешавад. Хуб мешуд, ки дар оянда аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ реактивҳои химиявиро таъмин менамуданд, зеро бе гузаронидани таҷрибаҳои лабораторию амалӣ ба хонандагон додани донишҳои илман асоснок корест беҳуда.

Маъмур  Маъмуров,

омӯзгори химияи

мактаби №16, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш