Мо дар асри XXI, ки илму техника ва нанотехнология бо суръати баланд тараққӣ дорад, кор ва зиндагӣ дорем. Дар соҳаи илму техника нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле калон аст.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки масъулият мо, омӯзгоронро дар ин самт бештар менамояд.
Тавре ҳамагон огаҳӣ доранд, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соатҳои таълимӣ аз фанни физика аз барномаи таълимӣ дар синфҳои 7 ва 8 як соат кам гардидааст.
Ба андешаи инҷониб, тағйир додани миқдори соатҳои таълимии ин фан ба манфиати кор нест. Мисол, дар барномаи таълимии фанни физика дар синфҳои 7-8 то 90-100 соат мавзӯи таълимӣ, 6-7 кори лабораторӣ дода шудааст. Мо, омӯзгорон дар як соати дарсӣ ду ва ё се мавзӯъро якҷо карда, меомӯзонем, вале шогирдон қодир нестанд, ки мавзӯъҳоро дар муддати кӯтоҳ азхуд кунанд.
Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки китобҳои дарсии синфҳои 10-11 низ бо як тарзи душвор навишта шудааст. Аз ҷумла, физикаи синфи 10, қисми «Физикаи молекулавӣ», «Ҷараёни электрикӣ дар муҳитҳои гуногун» ва синфи 11, бобҳои «Ларзишҳои электромагнитӣ», «Физикаи ҳастаи атом» душворфаҳм мебошад. Яъне, шогирдон барои аз худ намудани ин мавзӯъҳо душворӣ мекашанд.
Ҳамчун омӯзгор пешниҳод менамоям, ки:
-миқдори соатҳо дар барномаи таълимии фанни физика зиёд карда шавад;
-мавзӯъҳои китобҳои дарсии синфҳои 10-11 ба таври сода, возеҳ ва равшан навишта шавад;
-ҳангоми таълифи китобҳо дар ҳайати таҳририя омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб шаванд.
Нурулло Саъдуллоев,
омӯзгори физикаи мактаби №15-и
ба номи С. Иззатови шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр