Худогоҳию худшиносӣ ва доштани ҳофизаи таърихӣ аз фазилатҳои шоиставу ҳамидаи ҳар шахс буда, ба мавқеи фаъол доштани ӯ дар ҷомеа мусоидат мекунанд.
Мегӯянд, ки «аз худогоҳон Худо розӣ бувад». Худогоҳӣ ба фаъол гаштани нақши шахс дар рушди ҷомеа ва дилсӯзи халқу миллати худ шудани ӯ мусоидат мекунад. Вобаста ба ин масъалаи муҳим, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин иброз доштанд: «Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».
Вобаста ба ин, Сарвари кишвар ба ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади амиқ омӯхтани таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад.
Дар ҳақиқат, «Тоҷикон» асари барҷастаи таърихист ва онро дар Тоҷикистон ҳамагон бояд хонанду донанд. Маълум, ки мутолиаву фаҳм кардани ин шоҳасар чандон осон нест ва аз ин рӯ, беҳтар мебуд, он дар мактабҳо ҳамчун фанни таълимӣ дар алоҳидагӣ омӯхта шавад. Омӯзиши онро метавон аз синфи 5 ё 6 дар ҳаҷми 1-2 соат (дар давоми як ҳафта) оғоз карда, то синфи 11 идома дод. Инро метавон ҳамчун фанне дар заминаи фанни таърих пазируфт ва ё ба сифати дарси илова, маҳфили махсус роҳандозӣ кард. Барои ин бояд бобҳои «Тоҷикон»-ро дар шакли китобчаҳои алоҳида (вобаста ба синфҳо) таҳияву бозгӯӣ кард бо риояи сатҳи фаҳму қабули хотири хонандагон, хусусияти синнусолии онҳо ва шавқу завқашон. Дар ин амал коре, ки устод С.Улуғзода вобаста ба бозгӯии «Шоҳнома» ва устод Гулназар вобаста ба бозгӯии баъзе қисматҳои «Маснавии маънавӣ» карданд, барои таҳиягарони «Тоҷикон» метавонад намуна бошад.
Ифтихор аз шоҳасари «Тоҷикон» ва дар ҳар хонадон ҳифз кардани ин асари барҷаста танҳо як амри муқаррарӣ ва ё анъанавӣ набояд бошад. «Тоҷикон»-ро бояд омӯхт ва мазмуну муҳтавояшро бояд донист. Танҳо дар ҳамин сурат он метавонад сарчашмаи ифтихори миллии ҳар яки мо бошад.
Бовар дорам, ки ин мулоҳизоти мо мавриди таваҷҷуҳи масъулини соҳа қарор хоҳад гирифт.
Гулчеҳра Мусоева,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр