Сафаралӣ бо занаш баъди ду сол баргаштанд. Бо пули на он қадар зиёд, аммо фарзандон дигар он фарзандони хуштарбияву хушгуфтор набуданд. Хусусан, яккаписарашон хеле дағалу бадмуомила шуда буд... Баъди чанд муддат кори ин хонавода фақат дари ниҳодҳои қудратиро “охурча” кардан буд, зеро ҳар рӯз писарашон як “нағма” мекард, аз наврасӣ ба нӯшидани машрубот машғул мешуд ва шабу нимашаб дар кӯчаҳо гашта, ё ягон касро мезад, ё дуздӣ мекард...
Намунаи дигари натиҷаи муҳоҷирати волидон. Ҷамшед ҳамроҳи рафиқаш ба тиҷорат пардохтанд. Оҳиста-оҳиста корашон барор гирифту ба хориҷ аз ҷумҳурӣ ҳам додугирифти тиҷоратиро оғоз намуданд ва ҳатто дар солҳои охир Ҷамшед муқими ҳамон кишвар-Қазоқистон шуд. Соле як бор ба Ватан, назди зану фарзандон ва пайвандонаш меомад. Дар ин ҳолатҳо занаш аз душвории тарбияи бачаҳо сухан мегуфт, бо гиря изҳор медошт, ки ба тарбияи бачаҳо ҳам каме таваҷҷуҳ кунанд. Фарзандон бузург шудаанд ва гоҳо ба ҳарфаш гӯш намекунанд, хусусан, писарон тамоман “аз саф баромадаанд”. Ҷамшед аз шунидани ин суханҳо асабӣ мешуд, худ ба худ мегуфт, ки ман ҷон канда, барои инҳо меҳнат мекунам, тамоми шароитро муҳайё намудаам, аммо зани ман дар хонаи тайёр, бо обу нони муфт чор кӯдакро нигоҳубин карда наметавонад. Бо занаш ҷанҷол мебардошт, таъна мекард, ҳарфҳои талху пичингомез мегуфт ва боз чанд муддати дигар ғайб мезад, ба корҳояш машғул мешуд. Бо ҳамин минвол, солҳо гузаштанд.
Рӯзе Ҷамшед дар дафтари корияш нишаста буд, ки ҳамсараш занг зад. Гуфт, ки ҳарчи тезтар ба Ватан баргардад. Ҷамшед пурсид, ки барои чӣ? Занаш гирякунон нақл кард, ки писарашон бо касе муноқиша намуда, ӯро латукӯб кардааст. Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ шахси латукӯбшуда фавтидааст. Писарашонро ба додгоҳ кашидаанд, бинобар ин, барои “коре кардан” бояд зудтар баргардад. Ҷамшед таъҷилан ба Ватан омад. Писарро паси панҷараи зиндон дида, ғамгин гашт ва аз бепарвоие, ки нисбат ба фарзандон раво дида буд, мушти ҳасрат бар сар кӯфт, аммо кунун хеле дер шуда буд. Ӯ барои раҳоии фарзанд аз зиндон коре карда натавонист, ҳарчанд писар бо ашки шашқатор зориву тавалло мекард, ки барои раҳоияш “ягон бало” кунад. Писарро барои адои ҷазо ба зиндон равон карданд. Ӯ маҷбур аст, ки беҳтарин лаҳзаҳои умраш-солҳои навҷавониашро паси панҷара гузаронад ва аз хушиҳои зиндагӣ бебаҳра бимонад...
Зебуннисо Ҷумъазода дар тақвияти сухани хеш, ҳамчунин, изҳор дошт, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари таъсири мусбат гузоштан ба ҷавонони таъсири манфӣ ҳам расонд. Воситаҳои технологияи иттилоотӣ хеле зиёд гардида, кӯдакон дар баҳри хабару иттилооти заруру нозарур ғарқ шудаанд. Ҳар рӯз хабару ҳангомаҳои хубу бад, ки дар шабакаи ҷаҳонии интернет паҳн мешаванд, мағзи онҳоро машғул медоранд. Наврасон дар истифодаи технологияи иттилоотӣ аз калонсолон пеш гузаштаанд. Дар бораи шабакаҳои телевизионӣ ва интернетие, ки шабу рӯз наворҳои тарғибгари маданияти бегона, видеоҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта, филмҳои зӯроварӣ ва ваҳшатнокро намоиш медиҳанд, дигар ҳоҷати гап ҳам нест...
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (ХПҲНҶ РВКД) Баширхон Иброҳимов мегӯяд, ки дар айёми кӯдакӣ агар мо кори хатое ё гуноҳе содир мекардем, калонсолон он рафтори моро зуд ба падару модарамон ва мактаб бурда мерасониданд ва хоҳиш мекарданд, ки дигар чунин кор аз тарафи наврас рух надиҳад. Ва албатта, баъди фаҳмидан волидон ё маъмурияти мактаб аз пайи рафъи мушкили пешомада мегардиданд. Ҳозир агар атрофиён кори хатои наврасеро бинанд ҳам, бепарвоёна гузашта мераванд. Яъне, ҷомеа дар ин масъала бетарафиро ихтиёр кардааст. Ҳангоми рӯй додани ҳодисае агар наврас ба шуъба ё хадамот оварда шавад, аз суҳбат бо аксари волидон чунин ҳолатро ҳам мушоҳида мекунем, ки аксари онҳо намедонанд фарзандашон дар кадом синф таҳсил мекунад. Мутаассифона, маъмурияти баъзе мактабҳо рафторҳои ношоистаи хонандагонро рӯйпӯш намуда, ба мақомоти дахлдор сари вақт муроҷиат намекунанд. Яъне, омилҳои аслии “душвортарбия” шудани наврасонро ман дар бетаваҷҷуҳии волидон, мактаб ва ҷомеа медонам. Зимни гузаронидани рейдҳо мушоҳида мекунам, ки аксари волидон фарзандонашонро ба ҷойи танбеҳ додан ё насиҳат кардан, тарафдорӣ карда, мегӯянд, ки ӯ ҳоло кӯдак аст... Ғайримақсаднок истифода бурдани интернет низ метавонад боиси косташавии ахлоқи наврасон гардад. Бача ба бозиву наворҳои видеоии интернетӣ саргарм шуда, ба омӯзиш бетаваҷҷуҳ мешавад, аз дарсу барномаҳои таълимӣ ақиб мемонад ва дар раванди таҳсил ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Чунин ҳолатҳо ҳам ба чашм мерасанд, ки баъзе ноболиғон аз дигар минтақаҳои кишвар омада, бо пули ночиз ба мардикорӣ машғул мешаванд. Дар ҳар ҷои ростомада-истгоҳ, даромадгоҳҳои хонаҳо, роҳҳои зеризаминӣ мехобанд, ки аз ҷиҳати санитарию гигиенӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд, бинобар ин, ба бемориҳои гуногун гирифтор шуданашон имкон дорад. Дар ин ҳолат, онҳо аз назорати волидон ё шахсони онҳоро ивазкунанда бебаҳра мемонанд ва ба ҳар амали номатлуб даст заданашон имкон дорад.
(Давом дорад)
Дилафрӯз Қурбонӣ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр