Нашрияи Омӯзгор

Тарбия масъулияти бештар мехоҳад

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

 

Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исозода бо иштироки зиёда аз 30 нафар намояндаи васоити ахбори омма нишасти хабарӣ баргузор намуд. 

Ӯ дар бораи бурду бохти соҳа дар соли 2019, камбудию норасоӣ ва дастовардҳои соҳа ҳисобот дод. Изҳор гардид, ки соли 2019 76 нафар хонандаи душвортарбия дар муассисаҳои таълимӣ ба қайд гирифта шудаанд. Гуфта шуд, ки дар соли 2019 нисбат ба 4 ҳазору 932 нафар волидон дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд. 2883 нафар дар ҳаҷми беш аз 373 ҳазор сомонӣ ҷарима гардиданд. Инчунин, ба 1143 нафар огоҳӣ дода шуд. Парвандаҳои маъмурии 306 нафар бошад, мавриди баррасии судҳо  қарор доранд.

Бино ба иттилои Д.Исозода соли 2019 дар вилоят 220 ҷиноят аз ҷониби 147 нафар ноболиғ содир гардид, ки нисбат ба соли 2018 - ум 3 ҳолат кам аст. 

Сардори раёсати маорифи вилоят афзуд, ки ҷиноятҳои содиршуда зиёдтар аз ҷониби хонандагони шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Шаҳритуз, ҷалолуддини Балхӣ, Ёвон, Кӯшониён, Восеъ ва Леваканд ба қайд гирифта шудааст, ки боиси ташвиши кормандони соҳа мебошад.

С. АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш