Нашрияи Омӯзгор

«Дилоро» ғолиб гардид

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

 

Дар Муассисаи таълимии томактабии №16 озмуни шаҳрии «Касби дӯстдоштаи ман» байни мураббиҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар доираи тадбирҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ дар мураббиён, дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ ва дарёфти мураббиёни соҳибистеъдод гузаронида шуд. Мураббиёни кӯдакистонҳо тибқи шартҳои озмун доир ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии кишвар бо истифода аз усулҳои технологияи муосир расмҳои ҷолиб кашида, маҳорати эҷодии хешро ба маърази тамошо гузоштанд

 Ғолибон (кӯдакистони хусусии “Дилоро”) ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаю ифтихорномаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш