Нашрияи Омӯзгор

Вусъати сохтмони муассисаҳои таълимӣ

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Тавре сардори филиали раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб А. Бобоев  зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ дар соли 2019  маблағи  6 миллиону 100 ҳазор  сомонӣ барои сохтмони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб ҷудо гардида, аз  ин маблағ 5 миллиону 594 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуд, ки иҷроиши нақшаро 100,1% таъмин намуд.

Аз ҷумла, барои сохтмони  муассисаи таълимии №6-и деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ бо маблағи 447,0 сомонӣ, сохтмони муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Сулҳобод барои 624 ҷойи нишаст бо маблағи 530 ҳазор сомонӣ азнавбарқароркунии  муассисаи таълимии №20 - и деҳаи Боҳтури    ноҳияи Балҷувон бо маблағи 285 ҳазор сомонӣ, муассисаи таълимии №28-и ноҳияи Ш. Шоҳин бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ, барои сохтмони муассисаи таълимии нав дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг 310,0 ҳазор сомонӣ  масраф гардидааст. Ҳамчунин, аз буҷаи маҳаллӣ барои сохтмони навбати дуюми бинои таълимӣ ва хобгоҳ дар назди мактаб-интернати №9-и ноҳияи Балҷувон маблағи 760,0 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудааст. Айни ҳол, дар ҳамаи объектҳо корҳои сохтмонию васлгарӣ бо суръати том идома дорад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш