Нашрияи Омӯзгор

Дарси самарабахш

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Ташаккули шахсияти хонандагон яке аз масъалаҳои асосии психологиву педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад.

Тавассути омӯзиш ҷаҳонбинии хонанда васеъ гашта, дониши ӯ аз ҳар ҷиҳат вусъат меёбад. Яке аз воситаҳои ташаккули нутқи навишторию гуфторӣ ва ҷаҳони маънавии хонандагони хурдсол истифодаи бозиҳои шавқовар ба ҳисоб меравад.

Татбиқи амалии ин масъала ба фаъолият, донишу маҳорат ва кордонию ташаббуси муаллим вобаста аст, зеро ҳама гуна барномаю китобҳои дарсӣ, дастурҳои методию маводи дидактикӣ бе фаъолияти эҷодию ташаббускории омӯзгор самаровар нахоҳад буд.

Машғулиятҳои дурусту самаранок, аз як тараф, ба дониш гирифтану соҳиб маърифат шудани хонандагон боис гарданд, аз ҷониби дигар, омилҳои асосии ташаккулёбии шахсияти онҳо мешаванд. Бинобар ин, ба омӯзгор лозим меояд, ки дар вақти гузаштани ҳар як мавзӯи дарсӣ (ҳарф) дақиқкор бошад. Истифодаи бозиҳои шавқовар зимни гузариши дарсҳои «Алифбо»  аз аҳамият холӣ нест. Бозиҳои  шавқоварро  дар  ҳар  як  дарс  истифода бурдан  мумкин  аст.  Ин  кор  аз  муаллим  дониш,  маҳорат ва таҷриба талаб менамояд. Дуруст  аст,  ки  то кадом дараҷа боманфиат самарабахш гузаштани  дарсҳо,  пеш  аз ҳама, ба маҳорат, кордонӣ ва донишу  таҷрибаи  омӯзгор вобастагӣ дорад. 

Бозиҳои шавқовар, дар ҳақиқат, шавқи  бачаҳоро нисбат  ба дарс  афзун мегардонанд. Зимни истифодаи бозиҳо  хонандагон  мондашавии худро  ҳис  намекунанд. Масалан, мо ҳангоми  гузаштани  ҳарфи «О» расмҳои  олу,  оҳу,  ору,  олуча,  оинаро тавассути тахтаи электронӣ ба бачаҳо нишон дода, супориш медиҳем, ки ба расмҳо номҳои мувофиқ гузоранд.

 

Умеда ЗАРИФОВА,

омӯзгори мактаби №49-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш