Нашрияи Омӯзгор

Сипари боэътимоди миллат

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Мо, омӯзгорон, бояд кӯшиш намоем, ки шахсиятҳои шоистаро тарбия кунем, зеро инсони комил ҳеҷ гоҳ пайи хислатҳои номатлуб равона нест.

Инсони комилу соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад, дар ҷамъомаду нишастҳои бадгавҳарон иштирок намекунад. Агар кас дидаву дониста ҳар гуна хислатҳои зиёноварро ихтиёр кунаду шахсияти худро поймол гардонад, бевосита дар шумораи инсонҳои асил буда наметавонад. Боре аз хирадманде пурсидаанд, ки бо кадом кас унс гирифтан лоиқтар аст? Вай ҷавоб додааст, ки бо одами оқил, дурандеш ва некрафтор.

Оре, одами оқилу дурандешу нек-рафтору некгуфтор кист? Онест, ки забони худро аз ғайбати дигарон пок медораду бештар ба омӯхтани илму дониш вақти худро сарф мекунад. Воқеан ҳам, шахсе, ки ботамиз аст, вай пеш аз ҳама забони модариашро арҷгузорӣ намуда, онро аз ҳама нопокиҳо эҳтиёт менамояд. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи қадимтарин забонҳои дунёст, ки тавассути он дурдонаҳои назму насри тоҷик суруда шудаву то имрӯз  ҳамчун  мероси ниёгон бар мо расидааст.

Мутаассифона, қисме аз соҳибзабонони мо бо омӯзиши забони хориҷӣ забони шевои тоҷикиро бо калимаву ибораҳои бегона меомезанд. Барои бартараф кардани ин камбудӣ ва пос доштани забони модарӣ таъкиди Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон хеле бамаврид буд: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».

Чунонки дар боло ишора шуд, ҳамаи комёбиву пешрафт, одобу ахлоқи инсонӣ, муносибат  ба воситаи муомила муайян мегардад. Яъне, забон ин ҷо нақши созгор дорад. Пас, муҳим будани забони модариамонро дарк намуда, бояд ба он беэътиноӣ накунем. Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ дар замони истиқлолият рушд кард. Акнун насли навраси мо бояд ба чунин пешрафтҳои мулки ободамон нигариста, ба он арҷ гузоранд. Мо бояд дар қатори омӯхтани забони худ ба забонҳои дигари дунё низ таваҷҷуҳ дошта бошем. Агар мехоҳем, ки онро азбар  намоем, пас дар хотир дошта бошем, ки онро маҳаки  шиносондани фарҳангу тамаддуни  миллати худамон донем, на ба хотири худнамоӣ.

Файзинисо ҲОМИДОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №30, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш