Нашрияи Омӯзгор

Маърифатгустару хирадпарвар

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаномаи маҳбуби мо «Омӯзгор», ки инъикосгари ҳамешагии вазъи маорифи кишвар ва навгониҳо дар он мебошад, солҳои охир ба ситоишу тавсифи омӯзгор, таъкиду баррасии нақши муҳими ӯ дар пешрафти ҷомеа диққати бештар дода, оид ба ин мавзӯъ мунтазам мақолаву шеъру лавҳаҳо ба нашр мерасонад, ки ин барои мо, аҳли маориф, гуворову дилписанд аст.

Дарвоқеъ, имрӯз бояд мақоми омӯзгорро дар ҷомеа боло бардошт ва аз ӯ арҷгузорӣ намуд. Ҷомеае, ки ба омӯзгор эҳтиром намегузорад, пешрав буда наметавонад. Пӯшида нест, ки дар даҳсолаи охири асри бист вобаста ба ҳодисаҳои маълум ва вазъи пурихтилофи  ҷомеа мақоми волои омӯзгор ба андозае коста гашт, ҷойгоҳи сарвату сарватмандон, ашхоси силаҳшӯр ва мансабталошу худпараст дар ҷомеа вусъат ёфт, аммо аз оғоз маълум ба ҳар соҳибхирад буд, ки ин ҳолат хусусияти муваққативу даргузар дорад, зеро таърих гувоҳ аст, ки ҳамеша хирад ба ҷаҳолат, некӣ ба бадӣ, сафед ба сиёҳ, садоқат ба хиёнат,  муҳаббат ба нафрат… ғолиб омадаас-ту меояд. Хушо, ки он айёми носозгору пуртазод дар Тоҷикистони азиз батадриҷ паси сар шуд ва ҳоло мо дар марҳилаи навини ҳаёти кишвари соҳибистиқлоламон, дар марҳилае, ки адолату муҳаббату сулҳу салоҳ тантана доранд, зиндагӣ дорем. Ҳоло дигар мақому мартабаи омӯзгорон боло рафтааст ва эҳтироми аҳли ҷомеа  ба онҳо афзудааст. Албатта, дар ин самт нақши асосӣ марбут ба сиёсати  маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сардори давлати тоҷикон худ нисбат ба омӯзгорон эҳтирому эътиқоди самимӣ доранд ва мунтазам онҳоро ситоишу дастгирӣ менамоянд, илҳомбахшу ҳидоятгарашон мешаванд. Президенти ҷумҳурӣ ҳанӯз дар оғози солҳои дуҳазорум  иброз дошта буданд: «Ман пештар ҳам борҳо гуфтаам ва боз такрор мекунам: то замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро, чунонки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст». Дар ин суханон эътимоди Сарвари кишвар нисбат ба аҳли маориф ба таври барҷаста ифода ёфтааст. Умуман, дар аксари суханрониҳои Пешвои миллат нуктаеро нисбат ба мақому эҳтироми омӯзгорон метавон дарёфт. Президенти мамлакат омӯзгоронро «ташаккулбахши хислатҳои ҳамидаи инсонӣ», «ояндасози миллат», «шоистаи ҳамагуна арҷгузорӣ», «бузургтарин фарди ҷомеа» номида, зимнан таъкид намудаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст».

Аҳли адаб, шоирону нависандагон, олимон низ тавассути нигоштаҳои пурмеҳру самимии худ оид ба ситоиши омӯзгор ба боло рафтани мақому эҳтироми омӯзгор ҳиссагузорӣ кардаанду мекунанд. Бешубҳа, минбаъд низ мартабаи омӯзгорон дар ҷомеа боз ҳам боло хоҳад рафт ва ин аз ирода, фаъолият ва ибтикороти шоистаи худи омӯзгорон низ вобастагӣ дорад.

 

Ҷамила Дарвозиева,

омӯзгори мактаб-

интернати махсуси миёнаи  мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш