Нашрияи Омӯзгор

Хатмкардагон ба ҷойи кор таъмин мешаванд

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

 

4 феврали соли равон нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода иброз дошт, ҳамасола иштироки устодон ва кормандони ДДМИТ дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар дохил ва хориҷи мамлакат афзоиш меёбад. Инчунин, дар донишгоҳ корҳои бунёдкорӣ - таъмирӣ бомаром идома дорад. Соли гузашта як бинои замонавӣ бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шуд, ки дар он кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, маркази тестӣ, шуъбаи табъу нашр ва бунгоҳи тиббӣ ҷойгир мебошанд.

Ба таъкиди ректор ҳамасола тақрибан 60-65 фоизи хатмкардагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Соли сипаришуда 377 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо 115 донишгоҳ ва ташкилоти хориҷиву дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ  дорад. Дар донишгоҳ 731 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар гурӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд.

Намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои сершумори  хеш вобаста ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда дарёфтанд.

Таҳияи Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш