Нашрияи Омӯзгор

27 нафар дипломи «аъло» гирифт

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Дар оғози нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур вобаста ба чанде аз паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ ба таври фишурда сухан гуфт.

Ӯ, аз ҷумла, зикр кард, ки дар  соли 2019 донишгоҳ баҳри расидан ба ҳадафи асосӣ - таъмини сифати таҳсилот қадамҳои устувор гузошт. Моҳи феврали соли 2019 донишгоҳ соҳиби шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ гашт. Мувофиқи замимаи  шаҳодатномаи мазкур ба донишгоҳ барои  46 ихтисоси бакалавр, 35 ихтисоси магистр ва 27 ихтисоси доктор PhD иҷозат дода шуд.

Ҷиҳати мунтазам ҷараён гирифтани корҳои таълимию методӣ пойгоҳи моддӣ-техникии таълимгоҳ боз ҳам мустаҳкам карда шуд. Ба хотири беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  4 озмоишгоҳи нави замонавии таълимӣ таъсис дода шуд. 

Сатҳи  сифати таълим дар донишгоҳ мунтазам боло меравад. Соли 2019 27 нафар хатмкунанда соҳиби дипломи аъло шуданд, ки ин нисбат ба соли 2018 14 нафар зиёд мебошад.

Тамоми донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсил-кунанда бо хобгоҳ ва идрор таъминанд.

Тадқиқоти олимони донишгоҳ бештар ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳо нигаронида шуда, ба манфиатҳои миллию давлатӣ ва рушди иқтисодиёти муосири Тоҷикистон бахшида шудаанд. Ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 135 нафар магистр, 26 нафар аспиранту унвонҷӯ, 52 нафар докто-рант (PhD) аз рӯйи ихтисос ҷалб карда шудаанд.

Дар ин давра дар донишгоҳ 22 китоби дарсӣ,  102 дастури методӣ, 10 монография ва 748 мақолаи илмию методӣ нашр гардидаанд, ки аз ин миқдор 36 ададаш дар нашрияҳои хориҷи кишвар чоп шудааст. Дар соли гузашта 3 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ ва 13 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашнҳо ва санаҳои таърихӣ гузаронида шуд.

Донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок намуда, як ҷойи сеюм ва ду ҷойи панҷумро ишғол намуданд. Дар давраи хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шогирдони мо  соҳиби 2 ҷойи сеюм шуданд.

Доир ба фаъолияти қисматҳои гуногуни донишгоҳ дар соли 2019 дар телевизони мамлакат беш аз 100 барнома ва дар радио  21 барнома пахш гардид.

Донишгоҳ айни замон бо 130 мактаби олии 24 давлати дунё созишномаи ҳамкорӣ дорад. Тибқи созишномаҳои басташуда, дар соли 2019 бо як қатор мактабҳои олӣ аз хориҷи кишвар  тавассути онлайн  32 конференсияи байналмилалии илмӣ, методӣ,  семинар, мизи мудаввар дар самтҳои гуногун гузаронида шуд.

Устодони донишгоҳ дар озмуни барномаи грантии лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, иштирок намуда, барандаи ду барномаи грантӣ ба маблағи умумии 2 926 400 сомонӣ гаштанд, ки аз аввали соли таҳсили 2019-2020 амалӣ шуда истодааст.

Дар ҷараёни нишасти  матбуотӣ ректори донишгоҳ ба як силсила саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои пурдалелу қаноатбахш гуфт.

М.Абдурауф,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш