Нашрияи Омӯзгор

349 донишҷӯ хориҷ карда шуданд

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  ректори он  Илҳом Амонзода  оид ба фаъолияти солонаи муассисаи таълимӣ ба рӯзноманигорон  иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар соли 2019  донишгоҳ ба комёбиҳои зиёд ноил гардид. Шонздаҳ нафар рисолаи номзадӣ ва чор нафар рисолаи  докторӣ  дифоъ намуданд.  

 - Аз моҳи январи ҳамин сол маоши устодони унвони докторӣ дошта 30, номзади илм  15 ва омӯзгорону ассистентҳоро 10 фоиз зиёд намудем, - гуфт И. Амонзода.

Тибқи иттилои ректор, айни замон дар донишгоҳ 890  компютер дар ҳоли истифода қарор дорад, ки як компютер ба   6  донишҷӯ  рост меояд. Баҳри таҳким бахшидани пояи моддиву техникии ҷараёни таълим дар донишгоҳ 24 синфхонаи компютерӣ, 29 синфхонаи махсусгардонидашуда, 64 тахтаи электронӣ, ду адад минбари электронӣ, 82 проектор ва дигар таҷҳизоти мултимедиявию акустикӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. 

Ҳоло донишгоҳ бо 18  мактаби олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар доираи ҳамкориҳо моҳи октябри соли гузашта дар ДТТ бо Маркази тиҷоратии байналмилалии Ҳукумати Швейтсария (ITS)  Маркази омӯзиши дӯзандагӣ кушода шуд, ки он натанҳо барои донишҷӯёни донишгоҳ, балки барои корхонаҳои дӯзандагии кишвар низ ба сифати як сохтори омӯзиши донишу таҷриба ва малакаҳои нав хизмат хоҳад кард.

- Мо, - гуфт ректор, - баъзе факултаҳои донишгоҳро муттаҳид намудем. Сабаб ин аст, ки дар баъзе факултаҳо ихтисосҳои якхела, яъне такрорӣ омӯхта мешуд. Аз ин рӯ, факултаҳои менеҷменту маркетингро якҷоя кардем. Ҳамчунин, як факултаи муштараки  ДТТ ва   шаҳри Подолскии Ҷумҳурии Беларусро таъсис додем. Байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ДТТ созишномаи  грантӣ ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи «Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат» ба имзо расонда шуд.

Имсол 35 нафар донишгоҳро бо дипломи «аъло» хатм карданд. Бо сабабҳои интиқол ёфтан ба муассисаҳои дигар, давомоти нокифоя, насупоридани  қарзҳои академӣ, иваз кардани ҷойи зист 349 нафар донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд.   

Илҳом Амонзода,  ҳамчунин,  оид ба масъалаҳои дигари раванди таълим, корҳои тарбиявӣ, рушди тадқиқотҳои илмӣ, масоили иҷтимоӣ ва фаъолияти хоҷагидории муассиса ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.   

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш