Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти густурдаи донишгоҳ

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки дар донишгоҳи мазкур ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ низоми электронии идоракунии таълим (LMS) ва шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ фаъолият мекунад. Ҳар  як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дошта, маводи  таълимӣ ва натиҷаи рейтингҳою имтиҳонҳои худро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ метавонад тариқи электронӣ дастрас намояд. Инчунин,  волидайни донишҷӯён метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандонашон шомил шуда, ҳамарӯза аз таҳсили онҳо хабардор шаванд,- гуфт М. Гулзода.

Ба иттилои номбурда, шурӯъ аз соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон журналҳои дарсии донишҷӯён тариқи электронӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби раёсати донишгоҳ 900 адад планшет харид ва ба ҳар омӯзгор дода шуданд.

Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ барои таҳсил дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зиёд буда, айни замон 1598 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 16 давлати дунё дар ин ҷо таҳсил мекунанд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 178 нафар зиёд мебошад.

Таҳияи Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш