Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳи бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

28 январи соли равон дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Ҳайдар Одиназода  иброз дошт, ки дар донишгоҳ 588 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз 14 кишвари дунё ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз ин шумора 15 нафар дар асоси бурсияҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудо намудааст ва 573 нафар дар асоси шартнома таҳсил менамоянд.

Зикр шуд, ки давоми панҷ соли охир зиёда аз 50 нафар корманди донишгоҳ ба аспирантура ва докторантураи Федератсияи Россия фиристода шудаанд. 17 нафари онҳо рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, барои идомаи фаъолияти илмӣ-педагогӣ ба донишгоҳ баргаштанд.

Донишгоҳи техникии Тоҷи-кистон бо се муассисаи олии  касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ду донишгоҳи Беларус ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Ҳайдар Одиназода вобаста ба омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ зикр намуд, дар маҷмӯъ, дар Шӯрои диссертатсионии ҷумҳурӣ, Федератсии Россия ва шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ 61 нафар устоди донишгоҳ ва 3 нафар корманди дигар муассисаҳо рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд, ки аз инҳо 561 нафар сазовори дараҷаи илмҳои техникӣ, 1 нафар илмҳои химиявӣ, 8 нафар илмҳои иқтисодӣ, 3 нафар илмҳои филологӣ ва 1 нафар илмҳои фалсафа гардиданд. Ин рақам дар қиёс ба соли гузашта 34 нафар зиёд буда, ба шарофати таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад».

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки омӯхтани илмҳои дақиқ аз мактаби миёна оғоз ёфта, дар донишгоҳҳо идома меёбад. Барои  баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён  зарур аст, ки дар мактабҳо   тарзи машғулиятгузарониро   тағйир дода, вақти  машқҳои амалӣ зиёд гардонида шаванд. Дар қатори  чораҳои баланд бардоштани сифати таълиму тадрис  роҳбари донишгоҳ таъмин намудани муассисаҳои таълимиро бо муаллимони  физика, химия  ва информатика номбар намуд. Қобили зикр аст, ки  ноил  гаштан ба  ҳадафи  стратегии миллӣ - саноатикунонии мамлакат бе омӯхтани илмҳои дақиқ ғайриимкон аст.  Барои  ноил гаштан ба ин, сатҳи омӯзиши фанҳои дақиқ бояд пурра баланд бардошта шавад,-иброз дошт Ҳ.Одинаев.

Таҳияи Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш