Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф: вуруд гаштан ба сегонаи беҳтарин

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

 

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз маърифатгоҳҳои муваффақи ҷумҳурӣ буда, айни замон дар рӯйхати рейтинги мактабҳои олии  мамлакат, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф пас аз санҷиши фаъолияти 30  донишгоҳу донишкадаи кишвар мутобиқан ба 34 нишондод муқаррар намудааст, дар мақоми чорум қарор дорад.

Ин донишгоҳ дар ҷум-ҳурӣ соҳиби нахустин шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидаасту соҳиби ҷоизаҳои «Сифати аврупоӣ» ва «Муассисаи беҳтарини Аврупо» мебошад. Дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров боз аз як комёбии тозаи ин боргоҳи маърифат  паём  расонд; дар  арафаи соли нави 2020 чор барномаи магистрӣ ва ду барномаи бакалавриати донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома (сертификат) гардиданд.

Ректор, ҳамчунин, иброз дошт, ки дар давоми соли сипаришуда заминаи моддию техникии донишгоҳ боз ҳам мукаммалтар гардида, бо дастгоҳҳои таълимии навтарин таъмин карда шуд. Далели   ҷолиб аст, ки ин ҷо  ҳайати хеле неруманду соҳибтаҷрибаи устодон ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд ва  аз ҷумла, 1 нафар узви Шӯрои иқтисодии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ду нафар Арбоби илм ва техникаи ҶТ, 1 нафар Корманди шоистаи ҶТ, 1 нафар дорандаи Ҷоизаи Президенти ҶТ дар соҳаи маориф, 7 нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, 32 нафар «Аълочии маориф ва илми ҶТ» мебошанд. Дар давоми соли 2019 аз ҷониби омӯзгорону олимони донишгоҳ 7 китоби дарсӣ, 32 маҷмӯаи таълимию методӣ ва 72  дастури таълимӣ ба нашр расонида шуд. Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ низ рӯ ба вусъат дорад. Бо ҳадафи амалисозии як қатор лоиҳаҳои грантӣ донишгоҳ бо чанде аз мактабҳои олии Аврупо ҳамкории барои тарафайн судманд ба роҳ мондааст. Дар давоми соли гузашта 67 нафар устоду донишҷӯи ДДТТ барои такмили ихтисос ва идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Чин,  Булғория, Лаҳистон, Испания ва ИМА фиристода шуданд. Дар баробари ин, ҳоло 150 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар донишгоҳ таҳсил менамоянд.

Профессор Ҳ.Фақеров махсус таъкид намуд,  ки дар донишгоҳ ба тарбияи фарогиру пурсуди донишҷӯён, ки дар шароити кунунии вусъати фазои иттилоотӣ, тавсеаёбии амалиёти неруҳои иртиҷоӣ ва омилҳои махсуси раванди ҷаҳонишавӣ аҳамияти боз ҳам ҷиддитар пайдо   кардааст, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Бо ин ҳадаф шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият таъсис дода шудааст, ки дар байни мактабҳои олии кишвар ҳамто надорад.

Ректори донишгоҳ Ҳ.Фақеров ва чанде аз масъулини факултаву раёсатҳо ба як силсила суолҳои рӯзноманигорон бо далелҳои  муътамад ва бо истифода аз аёниятҳову воситаҳои техникӣ посух гуфтанд.

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш